Тафсири Сураи Нисо Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 5
وَلَا تُؤْتُوا السُّفَهَاءَ أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللَّهُ لَكُمْ قِيَامًا وَارْزُقُوهُمْ فِيهَا وَاكْسُوهُمْ وَقُولُوا لَهُمْ قَوْلًا مَعْرُوفًا ٥
Ва ло туъту-с-суфаҳаа амволакуму-л-лати ҷаъалаллоҳу лакум қийома-в варзуқуҳум фиҳо ваксуҳум ва қулу лаҳум қавла-м маъруфо. 5.
5. Ва молҳоятонро, он молҳое, ки Аллоҳ барои шумо сабаби зиндагонӣ гардонидааст, ба бехирадон мадиҳед ва онҳоро аз ин мол бихӯронед ва бипӯшонед ва барои онҳо сухани писандида бигӯед.
Ояти мазкур оятеро, ки оиди ятимон аст, такмил намуда мефармояд, ки молу сарвати худро ба дасти афроди бехирад, (кӯдаконе ки хариду фурӯшро ба роҳ монда наметавонанд) насупоред, ки молҳоятон дар маърази хатару талаф қарор мегиранд. Хулоса, молҳое, ки Худованд сабаби маишати шумо гаронидааст ва бидуни онҳо наметавонед камари худро рост кунед, ба шахсоне, ки онҳо исрофкоранду аз онҳо боварӣ надоред, надиҳед. Ҳатто ятиме, ки ба балоғат расаду хирадаш кам бошад, хоҳ духтар бошад, хоҳ писар, молҳояшонро ба онҳо насупоред, то ин ки онҳоро исроф насозанду бе молу бе ҳол намонанд. Локин метавонед, аз он молҳо хӯроку пӯшокашонро таъмин кунед ва ба онҳо суханҳои нарму мулоим гӯеду ваъдаи некӯ диҳед, мисли ин суханҳо: “Ин мол азони шумост, мо дар фикри беҳбудии шумо ҳастем, ҳамин ки ақлатон расо шуду моли худро ҳимоя карда тавонистед, ҳамаи молҳоятонро ба дасти шумо медиҳем” ва ҳоказо. Дар қонуни Ислом чандин нафар аз хариду фурӯш ҳиҷр (манъ) кунонида шудаанд: 1. Хурдсол. 2. Девона. 3. Беақл. 4. Ғулом то озод шуданаш. 5. Қарздоре, ки бебаркаш қарз мегираду ҳеҷ нест, ки баргардонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «