Тафсири Сураи Нисо Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 6
وَابْتَلُوا الْيَتَامَىٰ حَتَّىٰ إِذَا بَلَغُوا النِّكَاحَ فَإِنْ آنَسْتُمْ مِنْهُمْ رُشْدًا فَادْفَعُوا إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ ۖ وَلَا تَأْكُلُوهَا إِسْرَافًا وَبِدَارًا أَنْ يَكْبَرُوا ۚ وَمَنْ كَانَ غَنِيًّا فَلْيَسْتَعْفِفْ ۖ وَمَنْ كَانَ فَقِيرًا فَلْيَأْكُلْ بِالْمَعْرُوفِ ۚ فَإِذَا دَفَعْتُمْ إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ فَأَشْهِدُوا عَلَيْهِمْ ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ حَسِيبًا ٦
Вабталу-л-ятомо ҳатта изо балағу-н-никоҳа фа ин онастум-м минҳум рушдан фадфаъу илайҳим амволаҳум. Ва ло таъкулуҳа исрофа-в ва би доран ай-якбару. Ва ман кона ғанийян фа-л ястаъфиф ва ман кона фақиран фа-л яъкул би-л маъруф. Фа изо дафаътум илайҳим амволаҳум фа ашҳиду ъалайҳим. Ва кафо биллоҳи ҳасибо. 6.
6. Ва биёзмоед ятимонро, то ҳангоме ки ба синни никоҳ бирасанд. Пас, агар аз онҳо ҳушёрие дарёфтед, пас молҳояшонро ба онҳо бидиҳед ва моли ятимонро аз зарурат зиёд ва аз тарси он ки бузург шаванд, бо шитоб махӯред. Ва шахсе тавонгар бошад, пас бипарҳезад. Ва шахсе ки муҳтоҷ бошад, пас, ба дастури писандида бихӯрад. Пас, чун ба онҳо молҳояшонро бармегардонидед, бар онҳо гувоҳ гиред. Ва Аллоҳ барои ҳисоб гирифтан басанда аст.
Аллоҳтаъоло дар ин оят ба парасторон дастури дигаре дар бораи сарнавишти моли ятим, дода, мефармояд, ки чун ятимон ба сарҳади никоҳ (балоғат) ва ташкили хонавода расанд ва мехоҳед, ки моли ятимонро ба онҳо супоред, қаблан онҳоро озмоиш кунед, оё онҳо мустақилан дар моли худ ҳамчу дигарон тасарруф карда метавонанд, ё не. Агар дар онҳо ҳусни тадбиру кордониро ёфтед ва ба боварии шумо даромаданд, ки акнун онҳо молу ҳоли худро соҳиб шуда метавонанду ҳушёранд, метавонед молҳои дар ихтиёр доштаи онҳоро, ба онҳо бидиҳед. Тариқи санҷиши онҳо ин аст, ки водорашон месозед, то чизҳои арзонро мехаранду ба изофа мефурӯшанд ва барои зиндагии мустақил омода мешаванд. Вагарна, байъу широи ноболиғ бе иҷозати волӣ (соҳиб) дуруст нест.
Назди Абӯҳанифа ҳар гоҳ ятимон ба синни 25 солагӣ расиданд, хоҳ онҳо фаҳму фаросати масрафи молро доранд ё не, сарпарастонро лозим аст, ки молҳояшонро баргардонанд. Аммо назди ҷумҳури уламо ин аст, ки то аҳлияти ятим собит нашавад, яъне то суду зиёнро фарқ накунад, аз ӯҳдаи ҳифзу тадбири моли худ набарояд дар кадом синне, ки бошанд, ба онҳо молҳояшро супорида намешавад.
Давоми оят сарпарастори ятимонро наҳй мекунад, ки агар мӯҳтоҷ набошанд, моли ятимро нахӯранд. Агар мӯҳтоҷ бошанд, зиёда аз зарурат нахӯранд, ки дар ҳади исрофкорон дохил мешаванд. Ҳамчунин, агар ятим хурдсол бошад, калон мешаваду агар молашро хӯрем, мефаҳмад гуфта дар хӯрдани моли ятим шитоб кунанд, дуруст нест.
Бо ривояти Абӯдовуд ва Имом Насоӣ шахсе назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт: Ман сарпарасти ятиме ҳастам, ки ӯро назди ман моле ҳаст, аммо маро моле нест, аз моли ӯ истифода кунам мешавад, ё не? Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Исроф нокарда, агар мӯҳтоҷ бошӣ, хӯр”. Маълум мешавад, ки сарпарастори ятим вақтҳои мӯҳтоҷӣ ва зарурат, (на барои айшу ишрат), аз молҳои ятим, то шароит муҳайё шудан, ҳамчун ивази хидмати худ ва ивази нигоҳубини моли ятим бе исроф истеъмол кунад, дуруст аст. Аммо шахсе, ки сарватманд буда мӯҳтоҷ ба моли ятим нест, ҳатман бояд покизагии худро нигоҳ дошта, худро дар шубҳа наандохта аз хӯрдани моли ятим худдорӣ кунад. Шахсе, ки камбағал аст, мувофиқи урфу одат чуноне, ки гуфтем, хӯрад, иҷозат аст. Акнун масъалаи муҳим ин аст, ки чун ятимон аз имтиҳонҳои идора кардани молҳои худ гузаштанд, мехоҳед, ки молҳояшонро ба онҳо баргардонед, дар вақти баргардондан, албатта, бо шоҳиду бо ҳуҷҷату далел, ин корро анҷом диҳед. Зеро, гирифтумони мол бисёр нозук аст, коре кунед, ки дар ҳаққи шумо хиёнат, иттиҳом ва низоъ боқӣ намонад.
Дар охири ин оят омадааст, ки шумо бидонед, ки ҳисобкунандаи асосӣ-воқеӣ Худованди карим аст. Муҳим он аст, ки ҳисобу китоби шумо бо ятимон ё умуман чӣ муомилае, ки бошад, бояд, ки ошкоро, дурусту равшан бошад. Агар хиёнате шавад ё чизе аз шоҳидон махфӣ монад, бо ҳамаи ин ҳисобҳо Аллоҳтаъоло кифоякунанда аст, агар дар дунё ҳисобӣ нашавад ҳам, дар қиёмат, албатта, расидагӣ мекунад. Бинобар ин, дар анҷоми ҳама кор бояд аз Аллоҳ битарсед.
Дар ояти зер, ҳаққу ҳуқуқи занҳо ва ноболиғон
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
ҳимоя гашта, ҳукмҳои моли мерос баён мегарданд.