Тафсири Сураи Нисо Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 52
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ لَعَنَهُمُ اللَّهُ ۖ وَمَنْ يَلْعَنِ اللَّهُ فَلَنْ تَجِدَ لَهُ نَصِيرًا ٥٢
Улаика-л-лазина лаъанаҳумуллоҳ. Ва ма-н ялъаниллоҳу фа лан таҷида лаҳу насиро.52.
52. Онон гурӯҳе ҳастанд, ки Аллоҳ лаънаташон кардааст. Ва касеро ки Аллоҳ лаънат кунад, пас, ҳаргиз барои ӯ мададгоре намеёбӣ.
Аллоҳтаъоло шахсонеро, ки аз китобҳои осмонӣ насибадор буданд, локин ба ҷибту тоғут имон оварда, кофиронро бар мусалмонон афзал донистанд, аз раҳмати Худ дур ҳисобида ба онҳо лаънат хондааст. Касоне, ки ба лаънати Аллоҳ рӯбарӯ меоянд, дигар ягон ёридиҳандае намеёбанд. Ёбанд ҳам, онҳоро бо роҳҳое, ки ба тарафи Дӯзах сарнишебанд бисёртар тела медаҳанд, ё агар азобу хашми Илоҳӣ бар сари онҳо ояд, он дӯстонашон ёрӣ расонида наметавонанд. Чуноне, ки дар таърихи яҳудиён чунин ҳодисаҳо гузаштааст. Аз мазмуни ояти мазкур маълум шуд, ки шахсоне, ки худро аз Қуръон насибадор меҳисобанд, локин бо ҳаргуна бутҳо, фолбину сеҳргарҳо ва бо ҷибту шайтонҳо бовар доранд, ё шариати Аллоҳро монда, ҳукми дигар қонунҳои худбофтро дуруст меҳисобанду қабул доранд, агар сари вақт тавба накунанд, таҳти ваъиди ин оят дохиланд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «