Сураи Нисо Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 51

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ أُوتُوا نَصِيبًا مِنَ الْكِتَابِ يُؤْمِنُونَ بِالْجِبْتِ وَالطَّاغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا هَٰؤُلَاءِ أَهْدَىٰ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا سَبِيلًا ٥١

Алам тара ила-л-лазина уту насиба-м мина-л-китоби юъминуна би-л-ҷибти ва-т-тоғути ва яқулуна лил лазина кафару ҳаулаи аҳдо мина-л-лазина оману сабило. 51.

51. Оё нанигаристӣ ба сӯйи касоне, ки ба онҳо ҳиссае аз Китоб дода шуд, бар бутҳо ва шайтон имон меоранд ва барои касоне, ки кофир шуданд, мегӯянд: «Ин мардум аз ононе ки имон овардаанд, ҳидоятёбандатаранд?».

Муфассирони мӯътабар сабаби нузули ин оятро бо ривояти Имом ибни Аби Ҳотам ва ӯ аз Икрима (р) чунин нақл кардаанд: “Мардуми Макка ҳоло ҳамашон ба ислом мушарраф набуданд. Чун Ҳайй ибни Ахтоб ва Каъб ибни Ашраф (ва монанди инҳо), ки яҳудӣ буданд, вориди Макка шуданд мардуми Макка аз яҳудиён пурсиданд: “Шумо аҳли китобу илм ҳастед, назару фикри шумо дар бораи мо ва Муҳаммад чист?” Онҳо аввалан аз маккиён пурсиданд: “Шумо чӣ роҳу равиш доред ва Муҳаммад ба кадом роҳу равиш қарор дорад?” Мушрикони Макка гуфтанд: “Мо касоне ҳастем, ки силаи раҳмро ба ҷо меорем, галаи шутуронро қурбонӣ мекунем, мардумро ширу об менӯшонем, асиронро озод мекунем, ҳоҷиёнро сероб месозем. Муҳаммад бошад, як марди бе касу бе чиз аст, Ӯ силаи раҳми моро буридааст. Роҳзанҳои қабилаи “Ғифор”, ки алайҳи ҳоҷиҳо роҳзанӣ мекарданд, аз ӯ пайравӣ мекунанд, оё мо беҳтарем, ё ӯ?” Яҳудиён бо вуҷуди он ки аз асли кор бохабар буданд, дар ҷавоб гуфтанд: “Аз вай беҳтаред. Роҳи шумо хубтар!”.

Дар ҳамин асно, ояти мазкур дар шаъни ингуна ҷоҳилон нозил шуд ва Аллоҳтаъоло дар он фармуд, ки оё намебинӣ яҳудиёнро, ки аз китоби осмонӣ ба онҳо баҳра ва насибае дода шудааст. Онҳо аз асли кор ва аз сифатҳои Пайғамбари охируззамон бо хондани Таврот бохабаранд. Поси хотири мушрикони Маккаро намуда, ба таъзими буту бутпарастон пардохтанд? Тааҷҷуб аз дониши онҳо, ки бутпарастии мушриконро маъқул дониста, хилофи он чӣ аз Таврот медонистанд, амал намуда, ба онҳо гуфтанд: “Шумо, яъне, мушрикони Макка нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, роҳи дурустеро ёфтаед”. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар ҷанги Аҳзоб яҳудиён низ бо кофирон-мушрикони Макка алайҳи муъминон як шуданд. Агар ҳеҷ гуноҳе надошта бошанд ҳам, чун тарафдори бутпарастон шуданд, ин барои ҳалокашон кифоя аст. Калимаи “ҷибт” маънои ботил, бут, фолбин, сеҳргар ва монанди инҳоро дорад.

Тоғут: ҳукмҳое, ки ба шариати Аллоҳ асоснок нашудаанд, ё шайтонро гӯянд.

Зеро, яҳудиёнро мебоист, ки ба Аллоҳ, Қуръон, Ислом, Муҳаммад (с) имон биёваранд. Мутаассифона, онҳо ба корҳои ботил, бут, санам, коҳину сеҳргарҳо имон оварданд.

Дар ояти зер аз муносиботе, ки Аллоҳтаъоло ба аҳли китоб дорад, хабар дода мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)