Сураи Нисо Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 55

فَمِنْهُمْ مَنْ آمَنَ بِهِ وَمِنْهُمْ مَنْ صَدَّ عَنْهُ ۚ وَكَفَىٰ بِجَهَنَّمَ سَعِيرًا ٥٥

Фа минҳум-м ман омана биҳи ва минҳум-м ман садда ъанҳ. Ва кафо би Ҷаҳаннама саъиро. 55.

55. Пас, бархе аз онҳо ба он Китоб имон оварданд ва бархе аз онҳо аз ӯ рӯй тофтанд. Ва Дӯзахи оташафрӯхта (барои азоби кофирон) кофист.

Аҳли китоб, ки аз хонадони Иброҳим (а) бохабар буданд, мебоист, ки дар навбати аввал ин кинаву ҳасади худро яктарафа гузошта ба Муҳаммад (с) имон меоварданд. Баръакс, дарди ҳасад тамоми вуҷуди онҳоро мутаассифона фурӯ гирифт, иддаи каме аз онҳо имон оварданд ва бисёре аз онҳо, бадбахтона, дар ботлоқи куфр ғӯтида, ба Муҳаммад (с) на ин ки имон наоварданд, балки душман ҳам шуданд. Аммо арабҳое, ки аз китобҳои осмонӣ тамоман бе хабар, ҳатто дар бораи чунин пайғамбар маълумоте ҳам надоштанд, хушбахтона имон оварданд. Акнун барои азоби шахсоне, ки ба пайғамбари охирузамон хилоф намуда, имон наоварданд, дӯзахи оташ дардодашудаи пуршарора кифоя аст. Ояти зер аз азоби шадиде, ки барои кофирони фоҷир омода шудааст, хабар медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)