Сураи Нисо Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 56

إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا بِآيَاتِنَا سَوْفَ نُصْلِيهِمْ نَارًا كُلَّمَا نَضِجَتْ جُلُودُهُمْ بَدَّلْنَاهُمْ جُلُودًا غَيْرَهَا لِيَذُوقُوا الْعَذَابَ ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَزِيزًا حَكِيمًا ٥٦

Инна-л-лазина кафару би ойотино савфа нуслиҳим норан кулламо назиҷат ҷулудуҳум баддалноҳум ҷулудан ғайраҳо ли язуқу-л-ъазоб. Инналлоҳа кона Ъазизан ҳакимо. 56.

56. Ҳаройина, касоне ки ба оятҳои Мо кофир шуданд, зуд аст, ки онҳоро дар оташ дарорем. Ҳар гоҳ, ки пӯстҳояшон пухта шавад, пӯстҳои онҳоро иваз кунем, ки ғайри пӯсти аввал бошад, то азобро бичашанд. Ҳаройина, Аллоҳ ғолибу боҳикмат аст.

Шахсоне, ки ба оятҳои Аллоҳтаъоло куфр меварзанд, фикр накунанд, ки бо дохил шудани Ҷаҳаннам, корашон ба охир мерасад. Шахсоне, ки аз олам кофир мераванд, албатта, дохили Ҷаҳаннам мешаванд ва азобашон ҷовидона буда, бо як меъёр идома меёбад. Чун пӯсти бадани онҳо сӯзад, (то он ки азобро бефосила бичашанд), пӯсти дигаре ба онҳо пӯшонида мешавад. Ин мӯъҷизаи илмии Қуръонро илми тибби ҳозира қодир шуда исбот кардааст, ки эҳсоси дард мустақиман бо пӯсти бадан робитаи зич дорад ва асабҳои ҳассостарини инсон дар пӯсти бадан қарор доранд.

Дар охири оят омада, ки ҳар ойина Аллоҳтаъоло дар ҳама кори худ, яъне дар ҷазодиҳии муҷримону кофироне, ки оятҳои Ӯро инкор доранд, ғолибу ҳаким аст, аз рӯи ҳисобу китоб ҷазо медиҳад. Валлоҳу аълам.

Сарнавишти шахсони бе имон бо услуби ин оят эзоҳи худро ёфт. Дар ояти зер сарнавишти шахсони бо имон баён мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)