Сураи Нисо Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 64

وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ جَاءُوكَ فَاسْتَغْفَرُوا اللَّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللَّهَ تَوَّابًا رَحِيمًا ٦٤

Ва ма арсално ми-р-расулин илло ли ютоъа би изниллоҳ. Ва лав аннаҳум из заламу анфусаҳум ҷаука фастағфаруллоҳа вастағфара лаҳуму-р-расулу ла ваҷадуллоҳа Таввоба-р-Раҳимо. 64.

64. Ва ҳеҷ пайғамбареро нафиристодем, магар барои он ки ӯро ба ҳукми Аллоҳ фармон бурда шавад. Ва агар онҳо, вақте ки бар худ ситам карданд, назди ту меомаданд, аз Аллоҳ омурзиш мехостанд ва Пайғамбар барои онҳо омурзиш мехост, ҳаройина, Аллоҳро тавбапазиру меҳрубон меёфтанд.

Ба аҳли имон маълум аст, ки дар асл Аллоҳтаъоло пайғамбаронро барои он фиристодааст, ки онҳо фармони илоҳиро ба мардум расонанд, то ҳар ибодате, ки мардум ҳукми Аллоҳ гуфта анҷом медиҳанд, мувофиқи фармоишоти пайғамбарон бошад. Зеро, ҳукму итоати пайғамбарон низ ҳукму итоати Худост. Бисёриҳо фикр кардаанд, ки пайғамбарон фақат барои таълими одобу ахлоқ ва насиҳати мардум омадаанду халос. Онҳое, ки чунин ақида доранд, дар шаъни пайғамбари охирин ҳам чунин фикр кардаанд. Бинобар ин, гурӯҳе аз онҳо оят ва ҳадисҳоеро, ки барои тарбияи одобу ахлоқаст аз худ карда, фақат гуфтану расонидани онҳоро вазифа гирифтанду ҳатто барои худ фахр ҳам ҳисобиданд. Ҳол он, ки дар асл дар фиристодани пайғамбарон боз чизи дигар ҳам ҳаст. Яъне, чуноне, ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, итоати Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) ва сардоронро кардан ва дар ҳар коре ихтилоф кардед, онро бо ҳукми Аллоҳ ва расули Ӯ (с), ки ҳамаи ҳаёти инсонро дарбар мегирад, ҳал кардан ва ғайра. Аммо мунофиқон на инро мефаҳманд ва на ба суроғи ин гуна фаҳмишҳо мераванд. Балки ҳалли ҳамаи низои худро аз тоғутҳо талаб мекунанд. Чун гирифтори мусибате шаванд, боз ҳам огоҳ нашуда, ба ҷои ин ки пушаймон бошанд, қасамҳои дурӯғ хӯрда, ба гуноҳи дигар даст мезананд. Ҳоло шоиста буд, ки онҳо бояд назди Расулуллоҳ (с) меомаданду бо як ҷаҳон пушаймонӣ, аз кардаи худ истиғфор меҷустанд ва аз Расулуллоҳ (с) илтимос мекарданд, то пайғамбар ҳам барои онҳо аз Аллоҳ омурзиши гуноҳҳои онҳоро талаб мекард. Албатта, онҳо Аллоҳтаъолоро бисёр тавбапазиру бисёр меҳрубон меёфтанд ва бар худ ин қадар зулм намекарданд. Яъне, он ноитоаткориҳое, ки карда буданд, ба сабаби истиғфорашон бахшида мешуд. Аллоҳтаъоло бисёр раҳмхори бандагони худ буда, ба ҷазои шахсоне, ки низои худро аз тоғутҳо талаб мекунанд, шитоб намекунад, то шояд гуноҳи худро фаҳманду истиғфор гӯянд, то гуноҳҳояшон бахшида шавад. Локин, мунофиқон чун ин амалро иҷро накарданд, таҳти ваъиди ояти мазкур қарор гирифтанд. Пеш аз эзоҳи ояти зер овардани ҳикояти аҷиберо зери мазмуни ин оят муносиб донистем. Ибни Касир дар зайли тафсири ин ояти карима бо нақли воқеае сухани муассир ва такондиҳандаеро овардааст. Яъне гурӯҳе аз уламо аз он ҷумла Шайх Мансури Сабоғӣ дар китоби бо ном “Шомил” ҳикояти машҳуреро аз “Атобӣ” нақл кардаанд, ки номбурда гуфтааст: “Назди қабри Расулуллоҳ (с) нишаста будам, ки аъробие (бодиянишин) омаду гуфт: “Салом бар ту, ё Расулаллоҳ (с), ман аз Худои азза ва ҷалла шунидаам, ки фармудааст: “Агар ин ҷамоъае, ки бар худ ситам кардаанд, пеши ту меомаданд ва аз Аллоҳ омурзиш мехостанд, ҳар ойина Аллоҳро тавбапазиру меҳрубон меёфтанд” ва инак ман ҳам дар ҳоле назди Ту омадаам, ки барои гуноҳонам омурзиш хоста ва туро назди Парвардигор шафеъ гардонам. Сипас шеъреро хонд:

Ё хайра ман дуфинта фил қоъи аъзамуҳу,

Фа тоба мин тибиҳинна ал-қоъу вал окому.

Нафсил фидоу ли қабрин анта сокинуҳу,

Фиҳил ъафофу ва фиҳил ҷуду вал караму.” Тарҷума:

Эй беҳтарини касоне, ки дар замин дафн шудаӣ,

Пас, аз хушбӯиҳои ту хушбӯй шуд дашту даман.

Ҷонам фидои қабре, ки ту сокини он ҳастӣ,

Ин қабре, ки маҳди покдоманӣ ва ҷуду карам аст.

Атобӣ мегӯяд: Он гоҳ аъробӣ инро гуфту бозгашт. Дар ин асно хоб бар ман ғалаба кард, чун дар хоб шудам, Расули Худо (с)-ро дар хоб дидам, ба ман мегуфт: “Ай Атобӣ! Ба он аъробӣ бипайванд, ба вай мужда деҳ, ки Аллоҳтаъоло ӯро омурзидааст”.

Баъди эзоҳи силсила оятҳое, ки ба кӣ итоат кардани инсонро иршод фармуданд, Аллоҳтаъоло дар ояти зер бо қасам


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

сухани худро таъкид карда фармуд, ки касе, ки худро мӯъмин меҳисобад ва дар ҳар кори худ то Пайғамбар (с)-ро ҳакам насозаду ҳукми ӯро бе ғалу-ғиш бо ҷону дил қабул накунад, мӯъмин шуда наметавонад.

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)