23 феврал рузи Артиши милли, дар ин саҳифа табрикнома барои Артиши милли ба падар, бародар, дуст ва хамкор оварда мешавад. Табрикот барои Артиши милли >>
23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳниятхо менамоем.
Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.
Ҷашни 23 феврал муборак бошад мардони миллат! Бигузор ҳамеша тансиҳату хушбахт ва сарбаланд бошед! Ба пеш Точикистон! Ба пеш мардони миллат! Ба сӯйи сулҳу ваҳдату ободии Тоҷикистон!
Шуморо бо фарорасии рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун яке аз идҳои хеле муҳими кишвар табрик ва таҳният гуфта, ба Шумо дар ин рӯзи пурифтихор рӯзгори ободу сарбаландиҳо ва саодатмандию пирӯзиҳо таманно дорем.
Артиши Миллӣ дар хар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Бигзор Артиши Милли мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад!
Ид муборак ҳамватанони азиз!
ВАТАН! (Шеъри ҳарбӣ )
Рӯзи Мардро ба марди ҳақиқие, ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардааст табрик мегӯям. Рӯзат муборак!
Зеботарин вожа бар лаби одамӣ вожаи падар аст. Зеботарин хитоб “падарҷон” падар вожае аст саршор аз умеду ишқ. Вожаи ширину меҳрубоне, ки аз самими ҷон бар меояд. Падари азизам рӯзат муборак!
Падарҷон, нигоҳи меҳрубону садои дилнишинат ҳамеша марҳами дили ман дар ин ғурбат аст, бидон, ки барои ман беҳтаринӣ. Рӯзи падар муборак бод!
Дар осмони обии дилам, ҷое барои абрҳо нест. Падарам! Дуъоям кун, ки бо дуъоят, дилам хонаи дардҳо нест. Азизтарин азизонам, рӯзат муборак!
Ба дунболи қашангтарин вожаҳову калимаҳо мегардам, аммо ҳеҷ калимаву вожае наметавонад азамати ҳузури туро дар зиндагии ман васф кунад. Фақат мегӯям «Дӯстат дорам» рӯзат муборак!
Падарам, тоҷи сарам , ту эътибори манӣ, ту такягоҳи манӣ. Бидуни туву муҳаббатҳои бепоёни ту ҳеҷам. Уммедворам битавонам фарзанди хубе барои Шумо бошам. Беҳтарин падари дунё, рӯзат муборак!
Падари Меҳрубону хубам аз заҳмате, ки дар ин солҳо барои ман кашиди сипосгузорам, ва аз Худо мехоҳам сояи меҳрубонат то абад бар сарамон бимонад. Рӯзат Муборак!
Падар, ту тапиши қалби хонаӣ. Вақте ҳар субҳ, бо тулӯи Ишқ аз хона берун меравӣ ва бо кашиши ишқ, дубора боз мегардӣ. Туро ба ман Ҳадя доданду ман имрӯз, тамоми ҳастиямро ба ту ҳадя хоҳам кард. Агар бипазирӣ… Рӯзат муборак Падарҷон!
Падарам роҳи тамоми зиндагист, падарам дилхушии ҳамешагист. Рӯзат Муборак Падарҷон!
Падари азизам, рӯзи падарро бароят табрик мегӯям ва самимона бар дастони пуробилаат бӯса мезанам.
Табрикот барои 23 феврал ба шавҳар
Ҷашни артиш муборак,
Бар сарфармондеҳи кишвар,
Ҳам бар духтару писар,
Ҷашни 23-юми феврал
Вақте муҳаббататро бо ҳамаи вуҷудат ба ман тақдим кардиву маро шармандаи лутфи Каримонаат ва дили қашангатро моломол аз ишқ ба ман кардӣ бори дилдодагиро сахт бар дилам ниҳодиву амонати ишқро дар вуҷудам ниҳодӣ ва аҳд кардам, ки такягоҳат дар ҳама лаҳзаҳои умрат бошам. Рӯзи мардро ба шумо ҳамсари азизу меҳрубонам табрик мегӯям!
Ҳамсари беҳамтои ман, бо як дунё ишқ рӯзи мардро ба ту меҳрубонтарин ва танҳо такягоҳам табрик мегӯям ва орзуи беҳтаринҳоро бароят дорам. Дӯст дори ту…
Ҳамсари азизам бобати тамоми хубиҳоят сипосгузорам ва рузи мардро ба ту ки дар хотирам беҳтарин марди олами табрик мегуям. Бо ишқ ҳамсарат …
Дар ин рӯзи азиз, дар ин лаҳзаҳои қашанг зеботарин калимае, ки метавон гуфт якест «Дуст дорам» бо ҳамроҳи як осмон ишқу таманно тақдим ба ту ҳамсари азизам, Рӯзат Муборак!
Азизам аз самими қалб дӯстат дорам ва уммедворам битавонам ҷавобгӯи муҳаббатҳои ту бошам, ва солее дар канори ҳам зиндагии зеботар аз қабл дошта бошем. Ҳамроҳи ҳамешагии ту.
табрикот барои артиши милли, табрикот барои иди артиши милли, 23 февраля рузи артиши милли табрикот, 23 февраля табрикот, 23 февраля рузи артиши милли табрикот, артиши милли, рузи артиши милли, 23 февраля артиши милли, 23 февраля рузи артиши милли, шеър дар бораи артиши милли, табрикнома, дониш, суи дониш.