Барои ҳар як намуди варзиш нафарони дорои қобилияти фавқулода лозим. Масалан, дар футбол бозингар бояд маҳорати баланди давидан, ҳарифро фиреб додан ва зарбаи хубу дақиқ дошта бошад. Аммо дар баскетбол новобаста аз чусту чолоки доштани қади баланд чизи дигар аст. Оё медонед, ки:
Қадбаландтарин баскетболбози ҷаҳон дар таърих ин Александр Сизоненко ба шумор меравад, ки баландии қадаш 2м 45см мебошад. Ӯ дар вилояти Херсони Украина ба дунё омада, яке аз баскетболбози маъруф ҳам дар китоби рекордҳои Гиннес ва ҳам дар ҷаҳон ба шумор меравад. Номбурда соли 2012 дар синни 52 солагӣ дунёи фониро падруд гуфтааст.

Сулаймон Али Нашнуш– баскетболбози Ливиягӣ дар қатори Сизоненко якумин бозингари қадбаланд дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки ӯ 2м 45см қади дароз дорад. Ӯ дар ҳайати яккачини Ливия бисёр ҳам маҳорати баланде нишон додааст ва соли 1991 дар сини 47 солагӣ аз олам даргузаштааст.

Сун Минмин – баскетболбози дигар аз Хитой бо қадаш, ки 2м 36см мебошад дар ҷаҳон маъруф гаштааст. Ӯ соли 1983 ба дунё омада, аз 15 солагиаш ба баскетбол машғул шуда, айни ҳол дар клуби хитойии “Бейтзин Дакс” ҳунарнамоӣ мекунад. Сун Минмин бисёр маҳорати баланди баскетболбозиро соҳиб гардида, дар ҷаҳон ҳамчун сеюмин баскетболбози қадбаландтарин шинохта шудааст.

Аҳтаев Увайс Маҷидович – маъруф бо номи Вася Чечен соли 1930 ба дунё омада, яке аз баскетболбозони маъруф дар сайёра мебошад. Дарозии қадаш 2м 36см буда, ягона бозингарест, ки аз тамоми ҷой тубро вориди ҳалқа гардонида метавонад. Увайс соли 1978 дар сини 47 солагӣ фавтидааст.

Мионг Хун Ри маъруф бо номи Майкл Ри – яке аз маъруфтарин бозингарон дар Кореяи Шимолӣ ба ҳисоб меравад, ки дарозиаш 2м 35см мебошад. Майкл Ри яке аз собиқадорони баскетбол на танҳо дар Кореяи Шимолӣ балки дар ҷаҳон маъруф гаштааст. Ӯ дар шаҳри Пхенян ҳаёт ба сар бурда истодааст.

Сарчашма: www.megatopof.ru
5 кадбаландтарин баскетболбозон дар таърих


