Сураи Нисо Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 77

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ قِيلَ لَهُمْ كُفُّوا أَيْدِيَكُمْ وَأَقِيمُوا الصَّلَاةَ وَآتُوا الزَّكَاةَ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقِتَالُ إِذَا فَرِيقٌ مِنْهُمْ يَخْشَوْنَ النَّاسَ كَخَشْيَةِ اللَّهِ أَوْ أَشَدَّ خَشْيَةً ۚ وَقَالُوا رَبَّنَا لِمَ كَتَبْتَ عَلَيْنَا الْقِتَالَ لَوْلَا أَخَّرْتَنَا إِلَىٰ أَجَلٍ قَرِيبٍ ۗ قُلْ مَتَاعُ الدُّنْيَا قَلِيلٌ وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ لِمَنِ اتَّقَىٰ وَلَا تُظْلَمُونَ فَتِيلًا ٧٧

Алам тара ила-л-лазина қила лаҳум куффу айдиякум ва ақому-с салота ва оту-з-закота фа ламмо кутиба ъалайҳиму-л-қитолу изо фариқу-м минҳум яхшавна-н носа ка хашятиллоҳи ав ашадда хашяҳ. Ва қолу Раббано лима катабта ъалайна-л-қитола лав ла аххартана ила аҷалин қариб. Қул матоъу-д-дунйо қалилу-в ва-л-охирату хайру-л лиманиттақо ва ло тузламуна фатило. 77.

77. Оё ба сӯйи касоне наменигарӣ, ки ба онҳо гуфта шуд: «Дастҳои худро (аз ҷанг) боздоред ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед?!». Пас, ҳангоме ки бар онҳо ҷангро фарз гардонида шуд, ногоҳ гурӯҳе аз онҳо, монанди тарсидан аз Аллоҳ ё (аз он ҳам) сахттар аз мардум метарсиданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро бар мо корзорро навиштӣ? Чаро то муддати наздик моро нагузоштӣ?!». Ба онҳо бигӯ: «Сармояи дунё ночиз аст. Ва сарои охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст. Ва ситам карда нахоҳед шуд миқдори фатил (муй)-е.

Сабаби нузули ин оятро баъзе аз муфассирон аз он ҷумла Қуртубӣ бо тахриҷи Насоӣ ва ал-Ҳоким аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд, ки ҷамъе аз мусалмонон, хусусан вақто ки Абдураҳмон ибни Авф (р) ва ёрони ӯ зери фишори мушрикон қарор доштанд, назди Расулуллоҳ (с) ташриф оварда гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ (с), мо дар замоне ки мушрик будем, дар назди ин қавм боиззату эҳтиром будем, чун имон овардем, ҳоло назди онҳо хор шудем, агар иҷоза диҳед, бо душман биҷангем, то иззати худро бозёбем.” Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб ба онҳо гуфтанд: “Ҳоло ман ба мубориза амр нашудаам. Амр барои ман он аст, ки ҳоло онҳоро афв кунаму аз гуноҳҳои онҳо даргузарам”.

Чун онҳо ба Мадина омаданд, заминаи мубориза омода шуд. Вақто ба ҷиҳод маъмур шуданд, баъзе аз онҳо ҷиҳодро табъи дили худ наҳисобиданд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ояти мазкурро нозил намуд ва онҳоро ба пайкор алайҳи мушрикон шуҷоъатманд сохт ва дар он Ҳабиби худ (с)-ро фармуд, ки оё тааҷҷуб намекунӣ аз ҳоли шахсоне, ки дар як ҳоли номуносибу душвор, бо хеле пофишорӣ мехостанд ба онҳо иҷозаи ҷиҳод дода шавад. Дар он ҳол ба онҳо дастур дода шуд, ки ҳоло шумо худдорӣ кунед, ба ҷои пайкор намозро барпо доред ва закотҳои молҳои худро диҳед. Аммо шигифтангез он аст, ки вақте ки шароити ҷиҳод аз ҳар тараф фароҳам омад ва ҷиҳод бар онҳо фарз гардонида шуд, ба ҷои шод шудан баръакс тарсу ваҳшат якбора вуҷуди онҳоро фаро гирифт. Онҳо аз мардум чунон тарсиданд, ки гӯё аз Аллоҳ метарсида бошанд, балки сахттар ҳам тарсиданд, забони эътироз кушода гуфтанд, ки чаро Парвардигор барои мо муҳлат надод, то каме аз зиндагии дунё бархурдор мешудем.

Худованд Расули Худ (с)-ро фармуд, ки ба чунин афрод бигӯ, ки матои ин дунё ва завқу барқи ин дунё дар баробари неъматҳои охират андаку зудгузару барои соҳибаш нопойдор аст. Вале савобу аҷри охират барои шахсоне, ки аз Аллоҳ тарсиданду тақворо пешаи худ сохтанд, ба маротибаҳо бештару беҳтар аст. Зеро ранҷу фидокории шахсони Худотарс андак (миқдори риштае, ки дар донаки хурмо аст) бошад ҳам, зоеъ намешавад. Фикри касоне, ки гумон мекарданд Ислом фақат намозу рӯза ва дигар ахлоқи писандида аст, бо ин оят рад шуд. Ислом барои ҳимояи афроди худ ва мазлумон ҷиҳодро иҷоза фармудааст. Дар ояти мазкур зикри закот омадааст, ҳол он ки дар Макка закот фарз нашуда буд. Ин барои чист? Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки мурод аз калимаи закот ин ҷо ташвиқи кӯмакҳо барои мустамандон аст. Валлоҳу аълам. Чунин мазмун, дар сураи “Муҳаммад” (с) дар ояти 20-ум, иншоаллоҳ, эзоҳи худро ёфтааст.

Ояти баъдӣ иншоаллоҳ, давоми насиҳатҳои ояти қаблӣ буда, дар он фармудааст, ки …


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)