Тафсири Сураи Нисо Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 76
الَّذِينَ آمَنُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَالَّذِينَ كَفَرُوا يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ الطَّاغُوتِ فَقَاتِلُوا أَوْلِيَاءَ الشَّيْطَانِ ۖ إِنَّ كَيْدَ الشَّيْطَانِ كَانَ ضَعِيفًا ٧٦
Ал-лазина оману юқотилуна фи сабилиллоҳ. Ва-л-лазина кафару юқотилуна фи сабили-т-тоғути фа қотилу авлийаа-ш-шайтон. Инна кайда-ш-шайтони кона Заъифо. 76.
76. Касоне, ки имон овардаанд, дар роҳи Аллоҳ меҷанганд ва касоне, ки кофир шудаанд, дар роҳи шайтон меҷанганд. Пас, бо дӯстони шайтон биҷангед. Ҳаройина, кайд (ҳила)-и шайтон заиф аст.
Чун дунё аз мубориза холӣ нест, касоне, ки имон доранду пайкор мекунанд, онҳо дар роҳи ризои Аллоҳ, ҳимояи ватан, қувват додани дину шариат, барҳамдиҳии зулм, фитнаву фасод ва барои барпо кардани адолат пайкор мекунанд. Яъне ин оят касонеро, ки имон оварданд, шуҷоъатманд сохта, тарғиб намудааст, ки доимо ҳадафи онҳо ин аст, ки дар роҳи ризои Аллоҳ меҷанганд. Аммо касоне, ки кофиранд, дар роҳи нишондодаи тоғут-шайтон меҷанганд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки алайҳи шайтон ва ёрони он биҷангед. Зеро ба ғайри дастури Аллоҳ, дигар ҳама дастурҳо хатост. Кофирон доимо бо ҳилаҳо меҷанганд. Агар онҳо мардонавор биҷанганд, дар баробари муъминон доимо мағлубанду ҳилаҳояшон заиф. Маълум шуд, ки шайтон дӯсти касоне аст, ки онҳо имон надоранд. Дар сураи “Аъроф” ояти 28, иншоаллоҳ, ин мазмун бори дигар эзоҳ меёбад.
Хулоса, дар ин оят муъминонро амр шуд, ки алайҳи дӯстони шайтон пайкор кунанд. Оё пайкор карданро ҳама мехоҳанд ё не, ин ҳақиқатро ояти зер баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «