Тафсири Сураи Нисо Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 79
مَا أَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللَّهِ ۖ وَمَا أَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ ۚ وَأَرْسَلْنَاكَ لِلنَّاسِ رَسُولًا ۚ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ شَهِيدًا ٧٩
Ма асобака мин ҳасанатин фа миналлоҳ. Ва ма асобака мин саййиатин фа мин-н нафсик. Ва арсалнока ли-н-носи расуло. Ва кафо биллоҳи шаҳидо. 79.
79. Он чӣ туро аз некӯӣ расад, пас, аз ҷониби Аллоҳ аст ва он чӣ туро аз бадӣ расад, аз нафси ту аст. Ва Мо туро барои мардум Пайғамбар фиристодем. Ва Аллоҳ дар гувоҳ будан (ба ин кор) кифоя аст.
Аллоҳтаъоло барои босаодат будани инсон (чи дар дунё ва чи дар охират), роҳҳо ва корҳои асосӣ ва лозимиро иршод намуда, дар ин оят омматан ба ҳар инсоне, ки мешунавад, бо хитоб фармудааст, ки ай инсон, ҳар чӣ ки ба ту аз неъматҳои зиндагӣ чун осоиштагиҳо ва фаровониҳо ва саломатӣ ва амсоли он мерасад, ин ҳама аз фазли Парвардигор аст, ки ба ту миннат ниҳодаасту туро дар мавриди имтиҳон қарор додааст. Ай инсон, ҳар чи ба ту аз балоҳо ва мусибатҳо ва машаққатҳо мерасад, ин ҳам аз ҷониби Худост, локин ту гуноҳе содир кардаӣ, ки ба сабаби он ба ин бало ва бадбахтӣ ва ба азоб мубтало шудаӣ. Агар мунофиқон дар ҳақиқат имон медоштанд, мусибати ба сари онҳо омадаро аз Парвардигор медонистанд. Дарк мекарданд, ки он натиҷаи нофармонӣ ва гунаҳкории худашон аст, ба Худо бозмегаштанд ва илтиҷо мекарданд, то Аллоҳ хашм ва азоби Хешро аз онҳо мебардошт. Баръакс, онҳо Расулуллоҳ (с)-ро сабаб донистанд, ҳол он ки Расулуллоҳ (с) барои ҷаҳониён раҳмат аст. Аллоҳтаъоло дар охири оят ба Расули Худ (с) хитоб намудааст, ки мо туро барои мардум ҳамчу пайғамбар фиристодаем, ту барои мардум як раҳмату неъмати илоҳӣ ҳастӣ, ба ғайри пайғоми моро ба мардум расонидан дигар корҳо, яъне тақдири бандаҳо дар дасти ту нест. Яъне суду зиён, бадию некӣ ба ихтиёри ту нест, то ба мардум ҳар мусибате, ки мерасад, аз ҷониби ту бошад. Туро барои таблиғи амри Худ, барои ҳамаи мардум фиристодаем. Мо дар ҳама кор барои ту шоҳидӣ дода истодаем, гувоҳӣ додани мо барои мартабаи ту кифоя аст, баъзе мардум қабул мекунанд ё не, аз касе бок мадор, вазифаи пайғамбарии худро идома деҳ!
Дар ояти зер, Аллоҳтаъоло итоати Расулаш (с)-ро тарғиб намуда мегӯяд, ки:..
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «