Сураи Нисо Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 80

مَنْ يُطِعِ الرَّسُولَ فَقَدْ أَطَاعَ اللَّهَ ۖ وَمَنْ تَوَلَّىٰ فَمَا أَرْسَلْنَاكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا ٨٠

Ма-н ютиъи-р-расула фа қад атоъаллоҳ. Ва ман тавалло фа ма арсалнока ъалайҳим ҳафизо. 80.

80. Касе, ки Пайғамбарро итоат кунад, батаҳқиқ, Аллоҳро итоат кардааст. Ва касе (аз итоати Расул) рӯй гардонад, пас, туро бар онҳо нигаҳбон нафиристодам.

Аллоҳтаъоло дар ин оят ба мардум мешунавонад, ки ҳар касе ба пайғамбар итоат кунад, дар ҳақиқат Худоро итоат кардааст. Зеро пайғамбар ба ғайри он чӣ Аллоҳ ба ӯ дастур додааст, дигар чизеро дастур намедиҳад ва ба ғайри он чи Аллоҳ наҳй (манъ) намудааст, наҳй намекунад. Пас итоат аз шахси паёмрасон, дар воқеъ, итоат аз он касест, ки ӯро ба ин кор амр кардааст. Касе ин ҳақиқатро дарк кунад, бо ихлос аз Расули Аллоҳ (с) итоат мекунад. Баръакси ин, ҳар касе аз итоати Расул (с) рӯйгардон шаваду сар битобад, ин кори ӯст, локин чунин шахс дар ҳақиқат Худои азза ва ҷалларо нофармонӣ кардааст. Вазифаи пайғамбар ҳамчу сафир байни Аллоҳ ва бандагони Ӯст. Амри Аллоҳро аз худ чизе илова накарда, бе каму кост, ба мардум мерасонаду халос. На ин, ки нигаҳбону ҳисобкунандаи амалҳои онҳо бошад ё ин ки онҳоро аз бало нигоҳ дорад. Бо ривояти Ибни Абиҳотам ва дар охир аз Абӯҳурайра (р) дар “Саҳиҳайн” аз ал-Аъмаш аз Расулуллоҳ (с) ин ҳадис собит шудааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Шахсе маро итоат кунад, дар ҳақиқат Аллоҳро итоат кардааст ва шахсе итоати маро накунад, пас ба таҳқиқ Аллоҳро нофармонӣ кардааст; ва ҳар шахсе амирро итоат кунад, ӯ маро итоат кардааст ва ҳар шахсе амирро итоат накунад, дар ҳақиқат маро итоат накардааст”.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)