Тафсири Сураи Нисо Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 84
فَقَاتِلْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ لَا تُكَلَّفُ إِلَّا نَفْسَكَ ۚ وَحَرِّضِ الْمُؤْمِنِينَ ۖ عَسَى اللَّهُ أَنْ يَكُفَّ بَأْسَ الَّذِينَ كَفَرُوا ۚ وَاللَّهُ أَشَدُّ بَأْسًا وَأَشَدُّ تَنْكِيلًا ٨٤
Фа қотил фи сабилиллоҳи ло тукаллафу илло нафсака ва ҳарризи-л муъминин. Ъасаллоҳу ан якуффа баъса-л-лазина кафару. Валлоҳу ашадду баъса-в ва ашадду танкило. 84.
84. Пас, дар роҳи Аллоҳ пайкор кун, (барои ҳеҷ кас) мукаллаф карда нашудаӣ, магар нафси худатро ва мусалмононро тарғиб кун! Шояд, ки Аллоҳ ононеро, ки кофир шуданд, аз ҷанг боздорад. Ва қудрати Аллоҳ сахттару бештар ва муҷозоташ дардноктар аст.
Чун дар оятҳои гузашта Аллоҳтаъоло муъминонро ба таври умум ба ҷиҳод фаро хонду мунофиқон ва заифимонҳоро сарзаниш намуд, сипас дар ин оят ҳар фардро бо таври алоҳидагӣ, хусусан аз байни онҳо Расули Худ (с)-ро ба ҷиҳод дастур дода фармуд, ки ай Муҳаммад (с), ту бояд барои баланд бардоштани парчами дини ростин (модоме, ки ба пирӯзӣ ваъда дода шудаӣ, агарчанде танҳо бошӣ ҳам), дар роҳи ризои Аллоҳ, ҷиҳод кун. Ту масъули амалҳои асҳоби хеш нестӣ. Бигзор, туро танҳо гузоранд ҳам, бо танҳогият алайҳи душманон мубориза бар! Баъзе аз муфассирон гуфтаанд, ки агарчанде Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро хос хитоб карда бошад ҳам, локин мӯъминон низ таҳти ингуна тарғиби Аллоҳтаъоло дохиланд. Бинобар ин, дар давоми оят Аллоҳтаъоло Расулуллоҳ (с)-ро фармудааст, ки агар мунофиқон хилоф кунанд ҳам, мӯъминҳоро барои ҷиҳод шуҷоъатманд гардону бо ҳар восита онҳоро дар рағбат дарор, то шояд, ки он осеберо, ки мушрикон ба шумо бори дигар расонданианд, Худованд боз гардонад. Расулуллоҳ (с) амри Аллоҳро ба инобат гирифта, дар ғазои Бадр бо ёрони дар онҷо ҳозирбуда, барои сафи онҳоро оростан тарғиб намуда гуфт: “Ба по хезед барои Ҷаннате, ки паҳноии он ҳамонанди осмонҳо ва Замин аст”. Ҳадисҳои тарғибӣ бисёр аст, аз он ҷумла, ҳадисеро Имом Бухорӣ (р) аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Шахсе ба Аллоҳ ва Расули Ӯ имон орад, намозро барпо дорад, закот диҳад, моҳи рамазонро рӯза дорад, ҳақ будааст, ки Аллоҳ ӯро дохили Ҷаннат гардонад, фарқ нест, ки ҳиҷрати дар роҳи Аллоҳ карда бошад ё ин ки дар ватане, ки таваллуд шудааст, нишаста бошад”. Мардуми онҷо буда гуфтанд: Ё Расулаллоҳ, оё ин суханро ба мардум мужда нарасонем? Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ҳар оина, дар Ҷаннат сад дараҷае ҳаст, ки Аллоҳтаъоло онҳоро барои муҷоҳидони фи сабилиллоҳ омода кардааст, байни ҳар дараҷаи онҳо мисли мобайни осмону Замин аст, чун аз Аллоҳ Ҷаннат пурсидед, аз Ӯ Ҷаннатулфирдавсро пурсед! Чунки он ҷаннати байн аст ва он олитарин Ҷаннат буда, болои он арши Раҳмон ҳаст, аз он наҳрҳои дигар Ҷаннат ҷорӣ мешаванд. “Ба чунин ҳадисҳо амалкунандагон самараи кори худро дидаанд. Масалан, душман дар ғазои Бадр ва фатҳи Макка ба шикаст рӯбарӯ омад. Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадааст, ки қудрату савлати Аллоҳтаъоло бештару бузургтар аст ва ҷазои Ӯ нисбатан шадидтар аст. Оре! Шахсоне, ки аз ҷиҳод алайҳи куффор ё мушрикин ё аз кушта шудан метарсанд, фардо хашму ғазаби Аллоҳро чӣ гуна бардошт мекунанд? Вагарна чи дар дунё ва чи дар охират барои несту нобуд сохтани мушрикон Аллоҳтаъоло қодираст, локин мардумро ба ҷиҳод таклиф мекунад, ин барои имтиҳони онҳост, то ин ки мувофиқ аз мунофиқ дар ҳамин дунё маълум шавад. Бинобар ин, вақто ки ояти мазкур нозил шуд, Пайғамбар (с) фармуд, ки агар ҳеҷ кас ҳамроҳи ман ба ҷиҳод наравад ҳам, худ танҳо меравам. Дар ҳақиқат 70 нафар ба мақсади ҷиҳод ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) ба Бадри Суғро, (ки бо Абу Суфён дар ин бора дар охири ғазои Уҳуд, чуноне ки дар сураи қаблӣ “Оли Имрон”, дар оятҳои 173-174 гузашт, паймон баста шуда буд), рафт. Ҳарчанд онҳо ба иддаи каме рафта бошанд ҳам, локин Худованд дар дили ёрони Абӯ Суфён хавфе андохт, ки аз муқобила оҷиз омаданд ва дар ваъдаи худ хилоф варзида вориди Бадр нашуданд ва мазмуни ояти нозилшуда, тасдиқи худро ёфт. Яъне Худованд бинобар ваъдаи Хеш, кофиронро аз ҷанг боздошт ва Пайғамбар (с) ҳамроҳи ёрони худ саломат боз гаштанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «