Сураи Нисо Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нисо Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нисо Ояти 83

وَإِذَا جَاءَهُمْ أَمْرٌ مِنَ الْأَمْنِ أَوِ الْخَوْفِ أَذَاعُوا بِهِ ۖ وَلَوْ رَدُّوهُ إِلَى الرَّسُولِ وَإِلَىٰ أُولِي الْأَمْرِ مِنْهُمْ لَعَلِمَهُ الَّذِينَ يَسْتَنْبِطُونَهُ مِنْهُمْ ۗ وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ لَاتَّبَعْتُمُ الشَّيْطَانَ إِلَّا قَلِيلًا ٨٣

Ва изо ҷааҳум амру-м мина-л-амни ави-л-хавфи азоъу биҳ. Ва лав раддуҳу ила-р-расули ва ило ули-л амри минҳум ла ъалимаҳу-л-лазина ястанбитунаҳу минҳум. Ва лав ло фазлуллоҳи ъалайкум ва раҳматуҳу ла-т-табаътуму-ш-шайтона илло қалило. 83.

83. Ва ҳангоме ба онҳо хабаре аз амн ё тарс биояд, (бидуни таҳқиқ, саросемавор) онро ифшо мекунанд ва агар онро ба сӯйи Пайғамбар ва ба сӯйи пешвоёни худ ҳавола мекарданд, ҳаройина, маслиҳат ва ҳукми он хабарро аз шахсоне ки метавонанд истимбот (ҳал) кунанд, меёфтанд. Ва агар фазли Аллоҳ ва раҳмати Ӯ бар шумо намебуд, ба ҷуз андаке аз шумо, албатта, шайтонро мутобиат мекардед.

Айби дигари мунофиқон ин аст, ки барои ранҷу зиён расонидан ба мусалмонҳо, агар хабарҳои беасосро, хоҳ он хабар мояи оромӣ (чун хабари ғалабаи мусалмонон) бошад ё хабаре, ки сабаби нигаронӣ ва хавфи онҳо (чун хабари шикасти мусалмонҳо) бошад, шунаванд, бе ягон таҳқиқ саросемавор он хабарро байни мардум пахш мекунанд. Онҳо барои рӯҳияи мусалмононро шикастан, доимо хабарҳои фитнаангезу даҳшатовари дурӯғинро ба гӯши мусалмонон мерасонанд. Ҳол он ки ба ҷои худсарона ифшо намудан, онҳоро лозим буд, ки чунин хабарҳоро ба сӯи Пайғамбар (с) ва ба сӯи роҳбарони худ ё ба сӯи ҷойнишинони онҳо, ки соҳиби илму маърифат ва боандешаанд, ҳавола мекарданд. То онҳо дар ифшои ин гуна хабарҳо ботадаббуру боандеша, дуруст ё нодуруст будани ин гуна хабарҳоро муҳокима ва таҳқиқ мекарданд, агар шоистаи ифшо мебуд, ифшо мекарданд ва агар шоистаи ихфо мебуд, пинҳон медоштанд. Агар онҳо хабарро аввал ба роҳбарони худ мерасониданд, ҳам барои онҳо пешравӣ буду ҳам айни муддао. Локин мунофиқон ба ин гуна роҳ, гузар намекунанд.

Бо овардани чанд ҳадис, иншоаллоҳ, фаҳми қисми якуми ояти мазкур осон мешавад. Имом Аҳмад (р) дар “Муснад”-и худ меорад, ки Абдураҳмон бинни Маҳдӣ аз Ҳаммод бинни Зайд ва дар охир аз Абдуллоҳ бинни Амр (р) ривоят мекунад, ки рӯзе ман (ровии охир) ба назди Расулуллоҳ (с) ҳиҷрат намудам, нохост дар шарҳи маънои ояте байни ду нафар ихтилоф пайдо шуд ва садояшон баланд гардид, Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфт: “Ҳар оина, умматҳое, ки пеш аз шумо ҳалок шуданд, онҳо низ дар китобашон ихтилофҳо карда буданд. Ин ҳадисро Имом Муслим ва Насоӣ (р) низ аз Ҳаммод бинни Зайд ривоят кардаанд. Имом Муслим низ дар муқаддимаи “Саҳеҳ”-и худ аз Абу Ҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Агар инсон асло дурӯғ нагӯяд, локин аз дурӯғ гуфтан барои ӯ ҳамин кифоя аст, ки ҳар суханеро шунавид ӯро ба мардум расонад”. Ҳамаи мусалмонон метавонанд дар чунин маврид ба Ҳазрати Умари одил (р) пайравӣ кунанд. Яъне Умар (р) чун шунид, ки Расулуллоҳ (с) занҳои худро талоқ додааст, ин хабарро фош насохта, барои таҳқиқи ин хабар ба масҷиди Набавӣ омад. Дар ҳақиқат мардуми онҷобуда, ин хабарро байни худашон баррасӣ доштанд. Ба ин ҳам бовариаш наомад, бесаброна иҷозат пурсиду назди Расулуллоҳ (с) даромада суол кард: Ай Расулаллоҳ (с), Шумо занҳои худро талоқ додед? Ӯ (с) гуфтанд: “На!”. Хотири Умар (р) ҷамъ шуд, “Аллоҳу акбар” гӯён аз дари Расуллулоҳ (с) баромаду ба мардуми онҷонишаста бо овози баланд гуфт: “Расулуллоҳ (с) занҳои худро талоқ надодааст”. Дар ҳамин асно, ояти мазкур нозил шуд. Хулоса, душманҳои ислом мунофиқон барои ба ҷамъияти исломӣ зарар расонидан, бо бофтани тӯҳматҳо аз ҷойҳои нозук забон гарм мекунанд.

Маълум шуд, ки агар Пайғамбари Аллоҳ (с) зинда бошанд, ҳаллу фасли чунин хабарҳо аз ӯ (с) бояд, пурсида шавад, то он зоти бобаракот ҳалли онро раҳнамоӣ кунад. Дар дигар ҳолатҳо бошад, бояд ҳалли масъала ба касе ҳавола карда шавад, ки мусалмонон онро роҳбар интихоб карда бошанд. Албатта, ин гуна машваратҳо ва маслиҳатҳо бо сардорону роҳбарони худ фазли Худованд аст, ки ба баъзе мардум додааст. Бинобар ин, дар охири ояти мазкур омадааст, ки агар фазлу марҳамати Аллоҳтаъоло барои шумо намебуд, яъне Аллоҳтаъоло Пайғамбару китоб


Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ашро барои ҳидояти мардум намефиристод, яқин буд, ки ба ғайри иддаи каме аз шумо, ки аз ақидаи соф бархурдоранд, дигар ҳама пайрави фоҳишот ва васвасаҳои шайтон мешудед. Дар оятҳои қаблӣ аз ҳама ҷиҳат барои дар роҳи Аллоҳ ба ҷиҳод баромадани инсонҳо озмоишҳо гузашт. Акнун баъди тарбия гирифтан аз ин гуна оятҳо мумкин аст ба ҷиҳод баромад. Бинобар ин, дар ояти зер Аллоҳтаъоло фармудааст, ки:…

Мақолаи қаблӣСураи Нисо Ояти 82 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нисо Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)