Тафсири Сураи Нисо Ояти 87 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 87
اللَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ لَيَجْمَعَنَّكُمْ إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ لَا رَيْبَ فِيهِ ۗ وَمَنْ أَصْدَقُ مِنَ اللَّهِ حَدِيثًا ٨٧
Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳу. Ла яҷмаъаннакум ило явми-л қийомати ло райба фиҳ. Ва ман асдақу миналлоҳи ҳадисо.87.
87. Аллоҳ касест, ки ҳеҷ маъбуде ғайри Ӯ нест. Ҳаройина, шуморо рӯзи қиёмат ҷамъ хоҳад кард (ва), ҳеҷ шакке дар (омадани) он нест. Ва аз Аллоҳ ростгӯтар дар сухан кист?
Бо мулоҳиза аз мазмуни ояти мазкур чунин бармеояд, ки Аллоҳтаъоло аз яккагии Худ ва аз илоҳ будани худ, барои ҷамии махлуқот хабар дода, фармудааст, ки Аллоҳ касест, ки ғайри Ӯ дигар илоҳе барҳаққу сазовори парастиш нест. Дар давоми оят суханашро бо қасам таъкид намуда, гуфтааст, ки ай мардум, албатта, Ӯ таъоло шуморо аз аввалин то охирин инсон дар рӯзи Қиёмат, дар саҳрои Маҳшар барои ҳисоби амалҳоятон ба по хезонда ҳамаро дар як макон ҷамъ месозад. Дар омадани рӯзи Қиёмат ҳеҷ шакку шубҳае нест. Ин сухану ваъдаи Парвардигор аст. Аз Ӯ таъоло кӣ бартару дурусттар сухане гуфтааст? Кадом кас аз Аллоҳ дида, дар суханҳое, ки гуфтааст, ростгӯяндатар аст? Ҳеҷ кас!
Бо ибораи дигар, чунонеки дар мазмуни оятҳои қаблӣ гузашт, ибодат фақат аз намоз, рӯза, ҳаҷ, зикр, садақот иборат нест. Балки ҳар коре, ки дини Аллоҳ (Ислом) онро фармуда бошад ва дар он ризои Аллоҳ дар назар бошаду иҷро карда шавад, он низ ибодат аст. Яъне шахсе, ки Аллоҳро ягона донаду ибодат кунад, фармудаҳои Ӯро иҷро кунад ва аз чорчӯбаи шариат по берун наниҳад, чунин шахс ба ҳукми шариати Аллоҳ амал кардааст ва дар қиёмат мукофоти худро соҳиб аст. Агар акси ин гуфтаҳоро кунад, шубҳа нест, ки ҷазои худро мегирад. Ояти мазкур аз ҷониби Аллоҳтаъоло, қасам аст дар бораи ҷамъ сохтани тамоми махлуқот дар маҳшаргоҳи қиёмат ва барои ҳисобу китоби номаи аъмоли бандагон. Ҳеҷ кас дар сухан гуфтан аз Аллоҳ таъоло ростгӯтар нест. Ҳамчунин ҳеҷ кас дар вафо кардан ба ваъда аз Аллоҳтаъоло бартару бо вафотар нест.
Ояти зер бо мунофиқон чӣ навъ муомила намуданро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «