Тафсири Сураи Нисо Ояти 86 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нисо Ояти 86
وَإِذَا حُيِّيتُمْ بِتَحِيَّةٍ فَحَيُّوا بِأَحْسَنَ مِنْهَا أَوْ رُدُّوهَا ۗ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ حَسِيبًا ٨٦
Ва изо ҳуййийтум би таҳийятин фа ҳаййу би аҳсана минҳа ав руддуҳо. Инналлоҳа кона ъало кулли шай-ин ҳасибо. 86.
86. Ва чун ба саломе таъзим карда шавед, бо беҳтар аз он таъзим кунед ё ҳамон калимаро бозгардонед. Ҳаройина, Аллоҳ бар ҳар чиз ҳисобкунанда аст.
Аллоҳтаъоло, зимни ин оят барои бандагони муъмин одобу тартиби бо ҳамдигар салом додану ҷавоб гардониданро таълим медиҳад. Назди Аллоҳтаъоло ин ҳам барои шахси муъмин як навъи шафоати ҳасана ҳисобида мешавад. Бо забони Расули Худ (с) ба онҳоро мефармояд, ки чун мусалмоне ба шумо салом диҳад, шумо дар ҷавоб аз ӯ беҳтар ё лоақал мисли ӯ ҷавоби саломро гардонед. Бо зиёдат ҷавоб гардонидан мустаҳаб (савоб)- аст. Аммо мисли саломдиҳанда ҷавоб гардонидан, чуноне ки Аллоҳтаъоло фармудааст, фарз аст. Агар маънои “Таҳиййот” салом бошад, пас беҳтарини салом онаст, ки чун касе дар ибтидо барои шумо “Ассалому ъалайкум” гӯяд, шумо дар ҷавоби он чизеро зиёда намуда, “Ва алайкумус салому ва раҳматуллоҳ” гӯед. Зеро чунин суханҳо лутфу сафои “Салом”-ро меафзояд. Дар салом пешдастӣ намудан суннат аст, дар ин хусус тарғиби фаровоне омадааст. Аммо ҷавоби салом бо далел овардани ин оят фарз аст.
Баъзе аз муфассирон гуфтаанд: “Таҳийёт” дар ин ҷо ҷавоби атсазананда бо гуфтани (Ярҳамукаллоҳ) аст. Ёрони Абӯ Ҳанифа бар онанд, ки мақсад аз “Таҳиййот” ҳадя додан аст. Яъне чун касе ба шумо чизеро ҳадя намуд, шумо низ аз он беҳтарро ҳадя кунед. Аммо дар ҳадиси ривояткардаи Салмони Форсӣ (р), ки дар асри Расулуллоҳ (с) ҳодисаеро дидаанд, далолат бар он дорад, ки таҳийёт салом аст, зеро ӯ мегӯяд: Марде назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт: “Ассалому алайка ё расулаллоҳ! Расулуллоҳ барои ӯ гуфтанд: “Ва ъалайкассалому ва раҳматуллоҳ.” Баъдан шахси дигаре омад ва гуфт: “Ассалому алайка ё Расулаллоҳ ва раҳматуллоҳ.” Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб гуфтанд: “Ва алайкассалому ва роҳматуллоҳи ва баракотуҳ.” Баъдан шахси дигаре омад гуфт: “Ас-салому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд: “Ва алайка”. Он мард гуфт: Ё Расулаллоҳ (с), падару модарам қурбони шумо шаванд, фалон ва фалон кас назди шумо омаданд ва бар шумо салом доданд, ҷавоби саломи онҳоро нисбат ба ҷавоби саломи ман бештар додӣ?!”
Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Охир ту барои ман чизеро бештар (аз гуфтаҳои худ) боқӣ нагузоштӣ ва Ҳаққтаъоло фармудааст, ки чун шуморо бо таҳийёте навозиш кунанд, посухи онро аз он беҳтар диҳед ё ҳаммонанди онро баргардонед, ҳоло бошад ман монанди онро ба ту баргардондам.” Аз маънои ҳадис чунин бар меояд, ки дар калимаҳое, ки барои посухи салом истеъмол мешаванд, аз “Ва алайкумус-салому вараҳматуллоҳи ва баракотуҳ” чизе зиёд машрӯъ нашудааст. Агар мебуд, ҳар оина Расулуллоҳ (с) зиёд мекарданд. (аз тафсири “Ибни Касир”)
Акнун маънои салом чист? Уламои изом дар шарҳи маънои калимаи салом фикрҳои гуногунро баён намуданд, локин ҳамаи онҳо қобили қабул аст. 1-ум: Шахсе гӯяд: “Ас-салому алайкум”, маънои онро дорад, ки саломгӯянда аз Худованд мехоҳад, ки Худованд раҳматашро ба шумо нозил кунад ва шуморо аз тамоми офатҳо ва бадиҳо нигоҳ дорад… 2-юм: Чун саломдиҳанда салом медиҳад, ин як навъ дуои гуворо дар ҳаққи бародари мусалмон ва изҳори он ҳақиқат аст, ки гӯё саломдиҳанда мегӯяд: “Мо ҳама мӯҳтоҷи Ҳаққтаъоло ҳастем ва наметавонем бе ихтиёри Ӯ ба якдигар нафъ расонем.” 3-юм: Салом додан яке аз ибодатҳо буда, тазаккури бародари мусалмонаст, ки ӯ ба ёди Худо бошад. 4-ум: Чун саломдиҳанда салом медиҳад, маънои онро дорад, гӯё ӯ ваъда додааст, ки шумо аз дасту забони ман дар амон ҳастед ва ман нигоҳбони ҷону моли шумо ва обрӯи шумо ҳастам. Кош мусалмонон, ин калимаро ба маънои аслии ибодиаш истеъмол мекарданд, на ба маънои одатӣ. Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадааст, ки “ҳароина Аллоҳтаъоло бар ҳар чиз ҳисобкунандааст”: Бале! Аллоҳтаъоло ҳама амали бандагони худро хоҳ он амал бузургаст ё кучак, ба ҳисобгирандааст. Аз он ҷумла, салом додан бо ҳамдигарро, ки он шафоати ҳасана аст.
Дон азизам, дар ҷое ки шаръан салом додан лозим ҳисобида нашудааст, ҷаво
Рӯйхати оятҳои Сураи Нисо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
би салом ҳам лозим нест. Аз он ҷумла: радди саломи инсони маст, радди саломи тифл ё девона. Агар бар шахсе салом дода шавад, ки ӯ аз радди салом оҷиз аст, ҳатто ин амал макрӯҳ аст. Масалан ба шахсе салом дода шавад, ки ӯ ба хӯрокхӯрӣ, ё ба намоз ё ба тиловати Қуръон, ё ба зикр ё ба панду-насиҳат ё ба шунидани ваъз ё ба такрори дарс ё ба дарс додан ё ба қозие ки ӯ ба ҳаллу фасли даъвои кас машғул аст, макрӯҳ аст. Агар ба шахси муаззин дар ҳолати азон ё иқомат салом дода шавад ё ба шахси ҳоҷӣ дар ҳолати талбия гуфтан, салом дода шавад ё ба духтарони ҷавони бегона ё ба касе, ки ӯ ба бозии номубоҳ ё ба ғайбат ё ба пирмарди ҳарзагӯ ё ба шахсе, ки ба дурӯғ гуфтан машғул аст ё ба касе салом дода шавад, ки ӯ ба дашном додани марде оворааст, ё ба касе салом дода шавад, ки авраташ бараҳна аст ё ӯ хоб аст ё дар ҳамом аст ё дар ҳоҷатхона аст макрӯҳ аст ва ҷавоби салом низ макрӯҳ аст.
Баъзе уламо гуфтаанд, ки баъди оятҳое, ки тарғиб ба ҷиҳод менамуданд, зикри салом (сулҳ, амонӣ, тинҷӣ) омад. Ин далолат барои он аст, ки мабнои (бинои) Ислом асосан бар сулҳ барқарор ёфтааст. Зеро Ислом динест, ки сулҳу салоҳро мехоҳад, Дар ҳолатҳои ҳассос ҷиҳодро фармояд ҳам, он ҳам барои тинҷӣ ва амонӣ ва барои риояи ҳуқуқи мустазъафин пешбинӣ шудааст. Дар охир, бо овардани ҳадисе аз Абӯ Довуд (р), ки онро Абӯ Ҳурайра (р) ҳисобида аст, эзоҳи ояти мазкурро оҷизона ба охир мебарем. Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Қасам ба Зоте, ки ҷони ман дар яди (бе намунаи) Ӯст, ҳеҷ касе аз шумо ба Биҳишт ворид намешавад, то имон наорад. Ва имон намеорад, то бо ҳамдигар муҳаббат наварзанд. Оё шуморо бар коре роҳнамоӣ накунам, агар онро анҷом диҳед, бо ҳамдигар меҳру муҳаббат меварзед? Салом гуфтанро дар байнатон паҳн кунед!”.
Эзоҳи ояти баъдӣ иншоаллоҳ, аз ҳаққ будани рӯзи Қиёмат сухан мекунад.