Сураи Нос Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нос Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нос Ояти 2

مَلِكِ النَّاسِۙ ٢

Малики-н-нас. 2.

2. Ба подшоҳи мардум,

Аллоҳтаъоло бар ҳама бандагони Худ баробар подшоҳу соҳиби ҷамии онҳост. Хоҳ онҳо подшоҳанду хоҳ ҳоким ё шахсони оддӣ. Ягон нафар аз бандагони Ӯ дар канор нахоҳад монд. Азизу дастболо, ё хору камбағал гардонидан ва инчунин тадбири корҳои бандагони Худ ва забту китобати амалҳои онҳо, ҳама таҳти назару фармони оламшумули Ҳаққ субҳонаҳу ва таъоло қарор доранд.

Хулоса: Аллоҳтаъоло подшоҳу ҳокими мутлақи мардум буда, ҳукми Ӯ ҳамаи мардумро мувофиқи мартабаву дараҷаашон насиб аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нос Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нос Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)