Сураи Нос Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нос Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нос Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

قُلْ اَعُوْذُ بِرَبِّ النَّاسِ ١

Қул аъузу би-Рабби-н-нас. 1.

1. Бигӯ (эй Муҳаммад): «Паноҳ мебарам ба Парвардигори мардум,

Аллоҳтаъоло зимни ин оят ба ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), бигӯ, паноҳ мебарам ба Холиқу Мураббию Мудаббири ҳоли мардум! Ба Парвардигоре, ки мардумро аз адам (нестӣ) пайдо гардониду ба онҳо неъматҳои фаровон бахшид. Ба хусус инсонро (чуноне ки дар ояти 4-ӯми сураи “Тин” ишора рафт) афзали махлуқоти Худ гардонид, ва ҳамчунин (дар ояти 34 с. Бақара гузашт) Худованд фариштагонро фармон намуд, то нахустин падари онҳо Одам (а)-ро саҷда карданд ва дар ин оят номи инсонро паҳлуи номи худ фазлу шараф бахшид, ки фармуд: “Бираббин нос”, ҳол он ки Ӯ таъоло Парвардигори ҷамиъи махлуқот аст. Шояд аз ҳамин сабаб Ӯ таъоло ба бандагони худ фармудааст, ки ба хотири ҷамъ метавонанд ба паноҳи Ӯ таъоло биёянд. Зеро дигар паноҳдиҳандаи ҳақиқие барои онҳо ба ғайри Ӯ нест. Зеро ин ки Ӯ: …


Рӯйхати оятҳои Сураи Нос «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нос – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нос Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)