Тафсири Сураи Нух Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اِنَّاۤ اَرۡسَلۡنَا نُوۡحًا اِلٰى قَوۡمِهٖۤ اَنۡ اَنۡذِرۡ قَوۡمَكَ مِنۡ قَبۡلِ اَنۡ يَّاۡتِيَهُمۡ عَذَابٌ اَلِيۡمٌ ١
Инна арсална Нуҳан ила қавмиҳи ан анзир қавмака мин қабли ан яътияҳум ъазабун алӣм. 1.
1. Албатта, Нӯҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем ки: «Қавми худро, пеш аз он ки азоби аламнок онҳоро биёяд, битарсон!»
Аллоҳтаъоло ҳазрати Нӯҳ (а)-ро ба сӯйи сокинони ҷазираи Араб, ё арзи Кӯфа ба сифати расул фиристод, ки қавмашро аз азоби Худо битарсонад. Ба ин маъно, ки агар онҳо аз амалҳои зишти худ даст накашанд ва ба Худои ягона имон наоранд, дар ин дунё ба азоби аламнок мубтало хоҳанд шуд ва дар охират азоби сахттару дардноктари нор онҳоро интизораст. Нӯҳ (а) ба қавми худ чӣ гуфт?
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «