Тафсири Сураи Нух Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 14
وَقَدۡ خَلَقَكُمۡ اَطۡوَارًا ١٤
Ва қад халақакум атваро. 14.
14. Ва батаҳқиқ, шуморо ба тарзҳои мухталиф офарид.
Охир Офаридгор шуморо дар батнҳои модарҳоятон давра ба давра халқ кард. Аввал як оби ғализ “нутфа” будед, баъд ба хуни ларбаста ва аз он ба як гӯштпора, ки ҷамиъи аҳволи аҷиба дар он дида мешуд табдил дода шудед. Сипас Худованди таборак ва таъоло ба шумо беҳтарин суратро насиб дид. Чаро инро ба хотир оварда, донистан намехоҳед? Агар Холиқи ҷаббор дар яке аз ин давраҳои фавқуззикр рушди шуморо қатъ месохт ин лаҳза дар пеши ман намебудед!!! Инро ҳар як соҳиби ақлу хирад дарк мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «