Тафсири Сураи Нух Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 15
اَلَمۡ تَرَوۡا كَيۡفَ خَلَقَ اللّٰهُ سَبۡعَ سَمٰوٰتٍ طِبَاقًا ١٥
Алам тарав кайфа халақаллоҳу сабъа самаватин тибақо. 15.
15. Оё намебинед, чӣ гуна Аллоҳ ҳафт Осмонро қабат – қабат офарид.
Магар шумо ба назари эътибор ва бардоштани панд бо осмонҳо нигоҳ намекунед, ки чӣ гуна 7 осмонро қабат ба қабат, боло ба болои ҳам офаридааст? Оё ин далолат ба қудрату бузургии Ӯ намекунад? Магар шумо андеша намекунед, ки оё ба ҷуз Худованд, касе ба ин кор қодир нест? Шумо чаро бехирадӣ ва якравии худро нишон дода, инро дарк намесозед!
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «