Тафсири Сураи Нух Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 21
قَالَ نُوۡحٌ رَّبِّ اِنَّهُمۡ عَصَوۡنِىۡ وَاتَّبَعُوۡا مَنۡ لَّمۡ يَزِدۡهُ مَالُهٗ وَوَلَدُهٗۤ اِلَّا خَسَارًا ٢١
Қола Нуҳу-р-Рабби иннаҳум ъасавнӣ ва-т табаъу ма-л лам язидҳу малуҳу ва валадуҳу илла хасаро. 21.
21. Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигорам, ҳамоно онҳо нофармонии ман карданд ва шахсеро тобеъ шуданд, ки молу валадаш ба ҷуз зиён чизеро зиёд накардааст».
Ҳазрати Нӯҳ (а) бо дарду ҳасрат гуфт, ки эй Парвардигори ман, ин қавм аз залолат намегарданд. Борҳо ба онҳо фаҳмонидам, ки чун гуфтаи маро гӯш кунед, имон ба Худо биёред, гуноҳҳои шумо омурзида хоҳад шуд ва Худованд молу авлоди шуморо зиёда гардонида файзу баракатро ба шумо арзонӣ медорад. Аммо аз ин мавъиза онҳо на ин ки ба ман наздиктар шуданд, балки баръакс аз ман дурӣ ҷуста сухани сарватмандонашонро гӯш карданд. Ҳол он ки ин бойҳои мағрур на танҳо молу авлоди онҳоро зиёда намегардонанд, балки дар пайи зиёни онҳо ҳастанд. Аз ин рӯ, саодати ду оламро бар бод доданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «