Тафсири Сураи Нух Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 25
مِّمَّا خَطِٓيْئٰتِهِمۡ اُغۡرِقُوۡا فَاُدۡخِلُوۡا نَارًا ۙ فَلَمۡ يَجِدُوۡا لَهُمۡ مِّنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ اَنۡصَارًا ٢٥
Мим ма хатиатиҳим уғриқу фа удхилу наран фа лам яҷиду лаҳум-м мин дуниллаҳи ансоро. 25.
25. Аз сабаби гуноҳони худ онҳо ғарқ карда шуданд, пас, ононро дар Дӯзах дохил карда шуд, пас, барои хеш аз ғайри Худо ҳеҷ нусратдиҳандаеро наёфтанд.
Аллоҳтаъоло дар ин оят хабар додааст, ки аз ҷиҳати гуноҳону хатоҳое, ки қавми Нӯҳ (а) карданду доимо дар он хатоҳо боқӣ монданд, онҳоро бо туфон ғарқ намудем. Илова бар ин тӯъмаи оташи Дӯзах низ гардонида шуданд. Чун ба азоб гирифтор шуданд, касеро пайдо карда натавонистанд, ки ба кумакашон биёяд. На он бутҳое, ки мепарастиданд ба онҳо кумак карданд ва на касоне, ки аз онҳо пайравӣ менамуданд. Ҷуз Худо чорасозе наёфтанд!
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «