Тафсири Сураи Нух Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 24
وَقَدۡ اَضَلُّوۡا كَثِيۡرًا ۚ وَلَا تَزِدِ الظّٰلِمِيۡنَ اِلَّا ضَلٰلًا ٢٤
Ва қад аЗаллу касӣро. Ва ла тазиди-з-золимӣна илла Залала. 24.
24. Ва дар ҳақиқат, бисёреро гумроҳ карданд ва золимонро ҷуз гумроҳӣ чизе зиёд макун.
Дар ҳақиқат он саркардаҳо барои манфиати дунёи хеш бо бутпарастӣ бисёр касонро гумроҳ сохтанд.
Ин одат то замонҳои мо омада расид, ки дар Арабу Аҷам дида мешуд ва ҳоло ҳам дар дигар миллатҳои дунё вуҷуд дорад.
Дар охир Нӯҳ (а) аз қавми хеш навмед шуд бо сад дарду алам ба дуъо пардохта гуфт, ки Худоё, бар ин қавми нофаҳму саркашу ҷоҳил зиёд макун магар гумроҳӣ болои гумроҳиро.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «