Сураи Нуҳ Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нух Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нуҳ Ояти 27

اِنَّكَ اِنۡ تَذَرۡهُمۡ يُضِلُّوۡا عِبَادَكَ وَلَا يَلِدُوۡۤا اِلَّا فَاجِرًا كَفَّارًا ٢٧

Иннака ин тазарҳум юЗиллу ъибадака ва ла ялиду илла фаҷиран каффаро. 27.

27. Ту агар ононро бигзорӣ, албатта, бандагони Туро гумроҳ созанд ва онҳо таваллуд накунанд, магар фарзандони бадкору носипосро.

Ҳазрати Нӯҳ (а) дуъои худро бо ин далел асоснок месозад, ки Худовандо агар ту онҳоро ҳамчуноне, ки ҳастанд боқӣ бигузорӣ онҳо амали зишти худро идома медиҳанд. Яъне қавмро боз ҳам гумроҳтар гардонида, онҳоро ба сӯйи залолат роҳнамой мекунанд, ки батамом побанди ҷаҳолат хоҳанд монд ва аз онҳо фарзандони фосиқу ҷоҳилу бадкору носипос ба дунё меояд. Ҳазрати Нӯҳ (а) ин суханро аз ҳаво нагуфт, балки дар асоси таҷрибаи 950 солаи умри мубораки хеш ба чунин хулоса омада буд.

Нӯҳ (а) ҳамзамон барои муъминон низ дуъо намуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нуҳ Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нуҳ Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)