Тафсири Сураи Нух Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нуҳ Ояти 28
رَبِّ اغۡفِرۡلِىۡ وَلِـوَالِدَىَّ وَلِمَنۡ دَخَلَ بَيۡتِىَ مُؤۡمِنًا وَّلِلۡمُؤۡمِنِيۡنَ وَالۡمُؤۡمِنٰتِؕ وَلَا تَزِدِ الظّٰلِمِيۡنَ اِلَّا تَبَارًا ٢٨
Раббиғфир лӣ ва ли валидайя ва ли ман дахала байтия муъмина-в ва лил муъминӣна ва-л-муъминати ва ла тазиди-з золимӣна илла табаро. 28.
28. Эй Парвардигори ман, мағфират кун маро ва падару модари маро ва шахсеро, ки имон оварда хонаи ман дохил шавад ва муъминонро ва муъмина (зан)-ҳоро ва золимонро ба ҷуз ҳалокат чизе зиёд макун!».
Нуҳ (а) аз Парвардигори худ барои худ ва барои падару, модар, ашхоси имондоре, ки бо ӯ ва хонаашу сафинааш робитаи хуб доштанд ва ҳамчунин барои ҳама мардони муъмину занони муъмина дуъо карда, талаби мағфират намуд. Аммо барои ашхосе, ки расули Худоро инкор карданд, сухани Парвардигорро напазируфтанд дуъо намуд, ки барои онҳо Худованд дар рӯйи Замин дигар чизеро ба ҷуз азоб зиёд магардонад.
Аз дуъои ҳазрати Нӯҳ пайғамбар (а) кофирон ҳалок гаштанд ва муъминон наҷоти худро ёфтанд. Тавре аз дуъои Набӣ (а) дар ҳаққи мушрикон дарёфтем онҳо ба бемории гузарандае гирифтор буданд, ки ба атрофиён ва авлоди онҳо асар мекард. Дарди онҳо бемории қарасонро мемонд, ки то бурида нашавад наҷотро умедвор шудан имконнопазир буд. Аз қиссаҳои пайғамбарон ва мухолифони онҳо, ки дар Қуръон дарҷи худро ёфтаанд донистем, ки онҳо барои таскин ва тасалли пайғамбари охируззамон ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), инчунин ибрат гирифтани бандаҳои Худо ваҳй шудаанд. Ба ин хотир хонандаи китоби Худо вақти тиловати Қуръон бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки сари ҳар як ояти карима андешаи аниқ ва тафаккури зиёд созад. То сабаби нузули оят ва болотар аз ин мақсади ваҳӣи онро дарёбад. Он гоҳ маълум мегардад, ки роҳи наҷот кадомасту роҳи ҳалок кадом. Ҳар қадар тафаккур сари каломи раббонӣ зиёдтар гардад, иншоаллоҳ, мақсади ваҳӣи он равшану кушодатар мегардад.
Ихтилофи расули Худо (с) бо мушрикони Макка ба қиссаи ҳазрати Нӯҳ (а) ва муборизаи ӯ (а) бо мушрикони замонаш бисёр монандаст. Чуноне Нӯҳ (а) аз саркашии қавмаш маъюс гардида, аз имон овардани онҳо умедашро канд ва дархости ҳалоки онҳоро намуд, хотамуланбиё ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар ҳамин гуна ҳолат қарор дошт. Он гоҳ барои тасаллии Ӯ (с) қиссаи ҳазрати Нӯҳ (а) ба ӯ ваҳй гардид. Акнун аз ин қиссаи Қуръони фоидаҳо ва хулосаҳои зеринро баровардан мумкин аст.
а) Аллоҳтаъоло барои наҷоти олами башарият дар ҳар давру замон пайғамбарони худро фиристода аст.
б) Ҳар инсоне дар замони худ пайравии фиристодагони Аллоҳро кунад, он пайравӣ саодати ин дунъё ва охиратро ба ӯ кафолат медиҳад. Чуноне ки пайравони ҳазрати Нӯҳ (а) аз туфони об наҷот ёфтанд.
в) Аллоҳтаъоло ба пайғамбарони Худ имконият ва иҷозат медиҳад, ки бо назардошти замона даъвати худро гоҳо пинҳон ва гоҳо ошкор тарк накарда анҷом диҳанд.
г) Маълум гардид, ки даъвати расулони Худоро шахсони камбизоъат нисбат ба сарватмандон хуштар мепазиранд. Ҳамчуноне, ки аз қиссаи ҳазрати Нӯҳ (а) маълум гардид сарватмандон боиси гумроҳии омма гардиданд.
д) Мешавад, ки гумроҳсозӣ аз як тараф аз шайтон ва ҳамзамон аз ҷониби баъзе шахсони сарватманд сурат бигирад.
е) Аз ин қисса раднашавандагии тақдиру иродаи Аллоҳтаъоло барои ашхоси гумроҳшуда маълум гардид. Ашхосе, ки кофиранду ба азоби дунё гирифторанд, инчунин аз азоби охират ҳам наҷот нахоҳанд ёфт.
ж) Аз пайдо шудани тӯфони об барои ҳалоки қавми ҳазрати Нӯҳ (а) қудрату тавонои Офаридгор маълум ва баён гардид. Ҳар як инсон бояд худ амал карда мағрури бобою аҷдоди худ нагардад, зеро, ки писари ҳазрати Нӯҳ (а) ки бо бадон ҳамнишасту ҳамкор буд аз хонадони пайғамбарии падари худ берун шуд ва ба азоби Ӯ таъоло гирифтор шуд ва зери тӯфон ҳалок гардид. Вақто, ки ӯ бо падари худ пайравӣ накарду имон наовард пайғамбарзодагиаш ба ӯ нафъе набахшид.
и) Ин қисса ва амсоли ин барои кофирон танбеҳ ва ибрате барои муъминон аст.
Хонандагони муҳтарам, дуруст аст, ки Қуръонро рӯшангари тирагиҳо ва баёнкунандаи иродаи Аллоҳтаъоло ва раҳнамои инсонҳо гуфтаанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Ва саҳеҳ аст, ки дар зери ҳар як ояти ин сура олам-олам маъноҳо хобидааст, мо бошем оҷизона ва ба таври мухтасар баён намудем то хонандаро малол наояд. Бо ҳамди Аллоҳ ва дуруди бар Расулаш (с) ба поёни ҷамъу басти эзоҳоти ин сураи мубораки “Нӯҳ” расидем.