Сураи Нуҳ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нух Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нуҳ Ояти 4

يَغۡفِرۡ لَـكُمۡ مِّنۡ ذُنُوۡبِكُمۡ وَيُؤَخِّرۡكُمۡ اِلٰٓى اَجَلٍ مُّسَمًّى‌ؕ اِنَّ اَجَلَ اللّٰهِ اِذَا جَآءَ لَا يُؤَخَّرُ‌‌ۘ لَوۡ كُنۡتُمۡ تَعۡلَمُوۡنَ ٤

Яғфир лакум-м мин зунубикум ва юаххиркум ила аҷали-м-мусамма. Инна аҷалаллоҳи иза ҷаа ла юаххару лав кунтум таъламун. 4.

4. То гуноҳони шуморо мағфират кунад ва шуморо то аҷали муқаррар мавқуф дорад. Агар шумо донандагон бошед, чун аҷали муқарраркардаи Аллоҳ биёяд, ҳаргиз онро мавқуф дошта намешавад».

Нӯҳ (а) ба қавми худ гуфт, ки агар он чи ки ман шуморо фармудам ба ҷо оред, Худованд гуноҳҳоятонро маҳв мекунад ва агар итоати маро кунед умратон то вақти муқаддар ва муқаррари дар илми Ӯ таъоло буда дароз мешавад. Дар дунё ба зиндагонии хуб мушарраф мешавед ва таъхири умратон беазоб мешавад. Дарозии умри шумо аз тарафи Офаридгор аниқ ва дақиқ муайян шудааст. Зиёд ва кам намешавад. Агар шумо аз ин маъни огоҳ мебудед ба сӯйи имон шитоб мекардед.

Дар акси ҳол, агар амри пайғамбар Нӯҳ (а)-ро ба ҷо наоред ба ранҷу азобҳо ва балову қазоҳо дучор мешавед. Калимаи “аҷал”-ро уламои иззом чанд маънӣ додаанд. Баъзе “аҷал”-ро як “муддати муайян” маънидод кардаанд. Аммо дар байни мардум “аҷал” муддати марг (ва охири умри инсонро) гӯянд.

Ба фикри баъзе аз уламо мурод аз калимаи “аҷал” ин аст, ки агар Худоро тоату ибодат карда шавад, пайғамбарро низ итоат карда шавад ва ба тақво машғул шавад азобу уқубат (яъне ҳамон аҷал) ба таъхир андохта мешавад. Чуноне, ки дар ҳадис омадааст “силатур раҳми тазиду фил умри ” яъне некӯии силаи раҳм (рафту омад бо хешовандон) дар ҳақиқат дар умри инсон зиёдатӣ меорад (тафсири Ибни Касир).

Аз ҳарду хулоса, гирем мақсад як аст. Ибодати Худоро кардан, итоати Расулро ба ҷо овардан ва тақводор будану амсоли инҳо, барои наҷот аз азобу уқубат сабаби асосӣ мегарданд.

Ояти зер ҷиҳоди Нӯҳ (а)-ро ва аз қавми хеш изову ранҷ кашиданашро ва ҳамчунин саркашии қавмашро баён мекунад.

Адибе гуфтааст.

Рӯзе ки аҷал дарояд аз пешу пасат,

Шак нест, ки мӯҳлат надиҳад як нафасат.

Ёрӣ нарасад дар он дам аз ҳеҷ касат,

Бар бод шавад ҷумла ҳавову ҳавасат.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нуҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нуҳ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нуҳ Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)