Тафсири Сураи Нур Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 42
وَلِلّٰهِ مُلۡكُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِۚ وَاِلَى اللّٰهِ الۡمَصِيۡرُ ٤٢
Ва лиллоҳи мулку-с-самавати ва-л-арЗи ва илаллоҳи-л-масӣр. 42.
42. Ва Худорост подшоҳии осмонҳо ва Замин, бозгашти ҳама ба сӯйи Худост.
Тасбеҳи умуми мавҷудот далелест бар холиқияти Парвардигор. Ҳолиқияти Ӯ далел ба моликияти Ӯ бар ҳама ҷаҳониён аст. Бинобар ин, Худованд дар ин оят гуфтааст, ки фақат Худо молики ҳамаи ҷаҳониён аст ва тасарруфи махлуқоти осмонҳо ва Заминро соҳиб аст. Баъд аз марг бозгашти ҳама ба сӯи Худост ва ҳама мутобиқи амалҳояшон мукофот ё ҷазо хоҳанд гирифт. Барои маълумоти бештар ба ояти 15-уми сураи «Раъд» ва ояти 44-уми сураи «Исро» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «