Сураи Нур Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 43

اَلَمۡ تَرَ اَنَّ اللّٰهَ يُزۡجِىۡ سَحَابًا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيۡنَهٗ ثُمَّ يَجۡعَلُهٗ رُكَامًا فَتَرَى الۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلٰلِهٖ‌ۚ وَيُنَزِّلُ مِنَ السَّمَآءِ مِنۡ جِبَالٍ فِيۡهَا مِنۡۢ بَرَدٍ فَيُـصِيۡبُ بِهٖ مَنۡ يَّشَآءُ وَ يَصۡرِفُهٗ عَنۡ مَّنۡ يَّشَآءُ‌ ؕ يَكَادُ سَنَا بَرۡقِهٖ يَذۡهَبُ بِالۡاَبۡصَارِؕ ٤٣

А-лам тара анналлоҳа юзҷӣ саҳабан сумма юаллифу байнаҳу сумма яҷъалуҳу рукаман фа тара-л-вадқа яхруҷу мин хилалиҳӣ ва юназзилу мина-с-самаи мин ҷибалин фӣҳа мин барадин фа юсӣбу биҳӣ ма-н яшау ва ясрифуҳу ъа-м ма-н яшаъ. Якаду сана барқиҳӣ язҳабу би-л-абсар. 43.

43. Оё надидӣ, ки Худованд абрро ором-ором равон мекунад, сипас миёни он ҷамъ (пайванд) намояд, сипас, онро ту дар ту (болои ҳам) месозад, пас, мебинӣ қатра (борон)-ро, ки аз миёни он берун меояд, ва аз ҷониби боло, аз абрҳои кӯҳосо, ки дар он ҷо аст, жоларо фуруд меорад. Пас, онро ба ҳар кӣ хоҳад мерасонад ва аз ҳар кӣ хоҳад онро, бозмедорад. Наздик аст, ки дурахшандагии барқи он абр чашмҳоро бибарад.

Худованд дар ин оят ба мавҷудот ва ҳодисаҳои атрофи инсон, ки далели раднашавандаи қудрат ва ягонагии Худи Ӯст, ишора намуда бо хитоб гуфтааст, ки ай инсон, магар намебинӣ, ки Худованд абрҳоро ба ҳар тараф бо оромӣ дар осмон меронад, сипас аз парокандагӣ онҳоро ба ҳам оварда, дар канори якдигар бо ҳам пайваст медиҳад, сипас онҳоро мефишурад, онгоҳ мебинӣ, ки аз байни абрҳои фишурдашуда қатраҳои борон хориҷ мешаванд ва ба кӯҳу дашту боғу саҳро фуруд меоянд.

Абре, ки дар осмон ба назари инсон менамояд, қатраҳои хеле хурди бо ҳам пайвасти буғ (молекулаҳо)-и об аст.

Мутахассисони илми физика дар таҷриба ва тадқиқотҳои худ танҳо дар асри 19 муайян намуданд, ки барои ба об мубаддал гардонидани буғ (молекулаҳо)-и об шароити махсус ва фишори муайян лозим буда аст, то буғ ба қатраҳои об табдил гардад.

Бубинед, Худованд 13 аср қабл аз кашфиёти олимони табиатшинос хабар додааст, ки на аз ҳама гуна абр борон нозил мешавад, балки дар шароити мусоид, яъне ҳарорат ва ҳаҷми мувофиқ бо изни Худованд абр фишурда мегардаду қатраҳои борон ҳосил мешаванд. Яъне дар бораи аслҳои он қонуне, ки олимони дар асри ХIХ кашф карданд, Худованд ба Пайғамбар (с) дар асри VII яъне, 1300 сол муқаддам хабар дода буд. Ин аст яке аз муъҷизаҳои бешумор ва ҳайратовари Қуръон, ки далели равшан ва қотеъи мавҷудияти Аллоҳи ягона аст.

Дар идомаи ояти мазкур Худованд фармудааст, ки ҳамчунин Худованд аз қитъаҳои хеле бузурги абрҳое, ки дар осмон монанди кӯҳҳоянд, жоларо фуруд меоварад.

Дар асри фиристода шудани Расулаллоҳ (с) (асри VII-уми мелодӣ) мардум абрҳои осмонро ҳамвор (сатҳдор) мепиндоштанд. Касе ба осмон набаромада буд ва мисли мусофирони дар тайёра парвозкунандаи асри ХХI монанди кӯҳҳо будани шакли абрҳоро надида буд. Ин қисми оят ба мардум 13 аср қабл хабар дода аст, ки абр ҳамвор набуда, балки соҳиби ҳаҷми бузург аст, метавонад шакли кӯҳро дошта бошад. Инчунин қисмҳои гуногуни «кӯҳ»-и абрӣ метавонанд, ҳарорат ва фишори гуногун дошта бошанд. Қатраҳои борони ҳосил шуда дар қисми хунуки абр бо изни Худованд ба жола табдил гашта, чун офат ба Замин мерезанд.

Ба василаи он ба зироат, боғ ва ҳайвоноти касе Худованд хоҳад зиён мерасонад ва аз ҳар кас, ки хоҳад, офатро дафъ мекунад.

Дар қисми охири ояти мазкур Худованд аз ҳодисаи дигаре, ки ба хусусияти абр вобаста аст, аз пайдоиши барқ хабар додааст, ки аз чунин абрҳо яқин аст, ки дурахшиши барқи абрӣ пайдо мешавад, ки аз рӯи шиддат ва пурқувватии нури худ имкон дорад, ки биноиро аз чашми инсон бирабояд. Албатта Худованд барқро, ҳам бефоида наофаридааст.

Хулоса, Худованд аз се ҳодисае, ки вобаста ба абр аст, дар ин оят хабар дод. Ҳоло ҳам ба омӯзиши ҳақиқати ин ҳодиса таваҷҷӯҳи олимон равон аст. Он чи дар ин соҳаҳо кашф шудаанд, барои инсони оқил дар бораи беҳамто будани Худованди якка ва ягона ва олиму қодиру бас тавоно будани Ӯ далелҳои равшану раднопазиранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)