Тафсири Сураи Нур Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 62
اِنَّمَا الۡمُؤۡمِنُوۡنَ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا بِاللّٰهِ وَرَسُوۡلِهٖ وَاِذَا كَانُوۡا مَعَهٗ عَلٰٓى اَمۡرٍ جَامِعٍ لَّمۡ يَذۡهَبُوۡا حَتّٰى يَسۡتَاۡذِنُوۡهُ ؕ اِنَّ الَّذِيۡنَ يَسۡتَـاْذِنُوۡنَكَ اُولٰٓٮِٕكَ الَّذِيۡنَ يُؤۡمِنُوۡنَ بِاللّٰهِ وَرَسُوۡلِهٖ ۚ فَاِذَا اسۡتَاْذَنُوۡكَ لِبَعۡضِ شَاۡنِهِمۡ فَاۡذَنۡ لِّمَنۡ شِئۡتَ مِنۡهُمۡ وَاسۡتَغۡفِرۡ لَهُمُ اللّٰهَؕ اِنَّ اللّٰهَ غَفُوۡرٌ رَّحِيۡمٌ ٦٢
Иннама-л-муъминуна-л-лазӣна оману биллаҳи ва расулиҳӣ ва иза кану маъаҳу ъала амрин ҷомиъи-л лам язҳабу ҳатта ястаъзинуҳ. Инна-л-лазӣна ястаъзинунака улаика-л-лазӣна юъминуна биллаҳи ва расулиҳ. Фа изастаъзанука ли баъЗи шаъниҳим фаъза-л лиман шиъта минҳум вастағфир лаҳумуллоҳ. Инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 62.
62. Ҷуз ин нест, ки муъминон касоне ҳастанд, ки ба Худову Пайғамбари Ӯ имон овардаанд ва чун бо вай дар коре якҷоя бошанд, ки тақозои иҷтимои онҳо бошад, то аз Пайғамбар иҷозат наталабанд, (берун) нараванд. Ҳаройина, ононе ки аз ту иҷозат металабанд, онҳо касонеанд, ки ба Худо ва ба Расули Ӯ имон овардаанд, пас, агар аз ту барои баъзе корҳои худ иҷозат талабанд, ҳар касеро, ки аз онҳо хоҳӣ, иҷозат деҳ ва барояшон аз Худо омурзиш бихоҳ. Ҳаройина, Худо омурзандаи меҳрубон аст.
Оид ба сабаби нозилшавии ояти мазкур баъзе аз муфассир гуфтаанд, ки чун Расули Худо (с) дар хутбаҳояш мунофиқонро сарзаниш мекард мунофиқон ба чап ба рост менигаристанд ва чун касе агар онҳоро намедид, аз каноре пинҳонӣ берун мерафтанду намоз намехонданд. Аммо агар касе онҳоро медид, аз тарс бар ҷои худ мемонданд ва намоз мегузориданд. Ҳамоно буд, ки ин оят нозил шуд.
Баъд аз нозилшавии ин оят, ҳеҷ муъмине аз ҳузури Пайғамбар (с) то ин, ки аз Расули Худо (с) иҷоза намегирифт, ҳатто барои ҳоҷат ва ниёзи хеш берун намерафт. Вале кори мунофиқон ин хел набуд, бидуни иҷоза берун мерафтанд.
Ҳоло Худованд дар ояти мазкур фармудааст, ки дар ҳақиқат муъминон фақат касонеанд, ки ба Худо ва Пайғамбар (с) боварии қатъӣ доранд ва дар ин маврид ҳеҷ шакку шубҳае надоранд. Вақте ки мавзуъи муҳим вобаста ба муъминон бошаду гирдиҳамоиро талаб кунад, (монанди баргузории намози ҷумъа, намозҳои ид, машварат, ҷиҳод ва ғайра) агар онҳо назди Пайғамбар (с) бошанд, то Пайғамбар (с) иҷозат надиҳад, бояд маҷлисро тарк накунанд.
Дар шарҳи ин қисми оят муфассирон фикри худро баён карда чунин гуфтаанд: “Муъминон бояд бо ҳар пешвои муъмине, ки доранд, чунин муомила дошта бошанд, ба фармони вай мухолифат накунанд, аз ҷаласаҳое, ки пешво ташкил медиҳад, бе иҷозат берун нараванд.”
Дар идомаи оят он чиро, ки дар аввали ояти таҳти назар гузашт, такроран таъкид намуда, Худованд гуфтааст, дар чунин ҳолатҳо аз Пайғамбар (с) иҷоза гирифтан ба дурустии имондории шахси муъмин ба Худо ва Расули Ӯ (с) нишонаи равшан аст.
Дар охир Худованд Расули Худ (с)-ро фармуд, ки агар муъминон барои анҷом додани коре, ки мавриди зарурати онҳост, аз Ту (с) иҷозат хоҳанд, агар шароит онро тақозо кунад, ба ҳар кас, ки хостӣ, иҷозат бидеҳ ва ҳар касро, ки мехоҳӣ, боздор ва аз Худо бихоҳ, то онҳоро афв кунад ва гуноҳи онҳоро бахшад. Зеро иҷозат ҳарчанд бо узр бошад ҳам, бартар ҳисобидан кори дунё бар кори охират аст. Агар чунин шартҳо риоя шаванд, бегумон Худованд дар ҳаққи муъминон бисёр омӯрзгору меҳрубон аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «