Сураи Нур Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 63

لَا تَجۡعَلُوۡا دُعَآءَ الرَّسُوۡلِ بَيۡنَكُمۡ كَدُعَآءِ بَعۡضِكُمۡ بَعۡضًا‌ ؕ قَدۡ يَعۡلَمُ اللّٰهُ الَّذِيۡنَ يَتَسَلَّلُوۡنَ مِنۡكُمۡ لِوَاذًا‌ ۚ فَلۡيَحۡذَرِ الَّذِيۡنَ يُخَالِفُوۡنَ عَنۡ اَمۡرِهٖۤ اَنۡ تُصِيۡبَهُمۡ فِتۡنَةٌ اَوۡ يُصِيۡبَهُمۡ عَذَابٌ اَ لِيۡمٌ ٦٣

Ла таҷъалу дуъаа-р-расули байнакум ка дуъаи баъЗикум баъЗа. Қад яъламуллоҳу-л-лазӣна ятасаллалуна минкум ливаза. Фа-л яҳзари-л-лазӣна юхолифуна ъан амриҳи ан тусӣбаҳум фитнатун ав юсӣбаҳум ъазабун алӣм. 63.

63. Дуо талабидани Пайғамбарро дар миёни худ монанди дуо талабидани баъзе аз шумо баъзеи дигарро машуморед, Ҳаройина, Худованд ононеро, ки ба пинҳонӣ аз шумо паноҳҷӯён берун мераванд, медонад. Пас, бояд ононе, ки хилофи ҳукми Пайғамбар мекунанд, битарсанд аз он ки ба онҳо балое ва ё ба онҳо азоби дарддиҳанда бирасад.

Худованд (азза ва ҷалла) дар ин оят барои эҳтиром ва таъзиму бузургдошти Пайғамбар (с) муъминонро фармону дастур додааст, ки Пайғамбар (с)-ро, чуноне ки ҳамдигарро дар баъзе аз ҳолатҳо бо бепарвоӣ ва бо номгирӣ хитоб мекунед, мавриди хитоб қарор надиҳед. Яъне вақто ки Пайғамбар (с) мухотаби шумост, бо назардошти мақом ва манзалати бузургаш бо камоли адаб бигӯед: «Ё Расулаллоҳ! Ё Набияллоҳ!» Бо дуруштӣ ва беодобӣ неагӯед: «Эй Муҳаммад!». Эй…

Абӯ Ҳайён гуфта аст: “Бо исм ном бурдани афрод аз одобу расми арабҳои бадавӣ (бодиянишинҳо, ки ҳоло аз одоби исломӣ бархурдор набуданд) буд. Худованд ба онҳо амр кард, ки Пайғамбар (с)-ро мӯҳтарам бидоранд ва ӯ (с)-ро бо беҳтарин ном нидо кунанд.”

Худованд онҳоеро, ки пинҳонӣ чун шахси дузд аз назди Пайғамбар (с) ва дар паси якдигар худро пинҳон мекунанд, то дида нашаванд аз масҷид ё аз сӯҳбати ӯ (с) мегурезанду берун мераванд, ба хубӣ медонаду мешиносад. Кори онҳо ҳаргиз аз Худованд пиҳон нахоҳанд монд. Муфассирон гуфтаанд: “Онҳо мунофиқон буданд, ки аз намози ҷумъа ва дигар ҷамъомадҳои зарурӣ пинҳонӣ ва махфиёна ба берун гурехта, баъзе ба паси баъзе паноҳ мешуданд, то худро аз назари Расулаллоҳ (с) пинҳон кунанд.” Пас, онон, ки бо фармони Пайғамбар (с) мухолифат мекунанд, аз амрҳояш сарпечӣ мекунанд, равиши ӯ (с)-ро во мегузоранд, пинҳонӣ берун мераванд, то ба ӯ (с) итоат накунанд, бояд битарсанд, ки дар дунё мушкилии басо бузурге барояшон пеш меояд. Зеро мухолифатҳои онҳо дар баробари фармони Пайғамбар (с) дар дунё ва охират ҷазои дардноке дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)