Сураи Нур Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 64

اَلَاۤ اِنَّ لِلّٰهِ مَا فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ ‌ؕ قَدۡ يَعۡلَمُ مَاۤ اَنۡـتُمۡ عَلَيۡهِؕ وَيَوۡمَ يُرۡجَعُوۡنَ اِلَيۡهِ فَيُنَـبِّـئُـهُمۡ بِمَا عَمِلُوۡا ‌ؕ وَاللّٰهُ بِكُلِّ شَىۡءٍ عَلِيۡمٌ ٦٤

Ала инна лиллаҳи ма фи-с самавати ва-л-арЗ. Қад яъламу ма антум ъалайҳи ва явма юрҷаъуна илайҳи фа юнаббиуҳум би ма ъамилу. Валлоҳу би кулли шай-ин Ъалӣм. 64.

64. Огоҳ шав, ҳаройина, он чӣ дар осмонҳо ва Замин аст, аз они Худост. Равишеро, ки шумо бар онед, медонад ва рӯзе, ки ба сӯйи Ӯ гардонида шаванд, ба он чӣ кардаанд, онҳоро хабар диҳад. Ва Худо ба ҳар чиз доно аст.

Худованд дар охирин ояти сураи «Нур» ба инсонҳо хитоб намуда гуфтааст, ки ҳой инсонҳо, огоҳ бошед ва нек бидонед, ки ҳамаи мавҷудоти осмонҳо ва Замин барои Худост ва Худованд соҳиби мутлақи онҳост. Худованд равиш ва нияту розҳои пинҳонии шуморо медонад. Дар дили шумо имон аст ё нифоқ, ихлос аст ё риё инро ҳам медонад. Рӯзи қиёмат ҳама назди Ӯ таъоло боз мегарданд. Худованд ононро аз ҳама амалҳои дар дунё содиркардаашон бохабар мегардонад ва мувофиқи амалашон мукофот ва ё ҷазо медиҳад. Худованд ба ҳар чизе, ки шумо ақида доред, доност ва ҳеҷ чиз аз Ӯ таъоло пинҳон намемонад.

Поёни сураи «Нур» ва лилоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон – Тафсири Осонбаён (Қуръон)