Сураи Фурқон – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон дар Макка нозил шуда, дорои 77 оят аст.

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Меҳвари асосии сураи мазкур чун сураҳои дар Макка нозилшуда асосан дар атрофи ақида, ҳақ будани Қуръон, якка ва ягонагии Аллоҳ, ҳаққу рост будани пайғамбарии Муҳаммад (с), имон ба зиндагардонидани баъд аз миронидан ва ҷазои он рӯз давр мезанад.

Сураи мазкур шубҳаҳое, ки мушрикон дар шаъни Расулуллоҳ (с) ва Қуръон доштанд, рад намуда, сипас барои панду ибрат баъзе қиссаҳоро меорад. Дар ибтидо дар якчанд оятҳои ин сура аз ҳоли мушрикон, ки бо чандин роҳ Қуръони каримро таън мезаданд ва дар шаъни оятҳои он дурӯғҳо мебофтанд, сухан мегӯяд. Онҳо гоҳо бо андозаи фикри кӯтоҳи худ онро афсонаҳои гузаштагон мегуфтанд, гоҳо гуфтанд, ки Муҳаммад ин Қуръонро бо ёрии Аҳли Китоб худаш навиштааст, баъзан гуфтанд, ки кори ин мард як навъ сеҳри ошкор аст. Худованд ин фикрҳои ботилу ваҳмҳои дурӯғини онҳоро бо овардани далелҳо рад намуда, исбот кардааст, ки дар ҳақиқат Қуръон китобест, ки аз тарафи Парвардигори оламиён нозил шудааст. Сипас бори дигар сухан аз мушрикон меравад. Онҳо мегуфтанд, ки бояд Пайғамбар аз ҷинси фариштагон бошад ва билфарз агар пайғамбарӣ аз ҷинси башар бошад, на бояд фақиру ятим, балки соҳиби молу ҷоҳ ва аз ҳама бойтарини мардуми атроф интихоб мешуд. Худованд чунин шубҳаҳои ботили онҳоро дар ин сура бо далелу бурҳонҳои камаршикан рад намудааст. Сипас сухан аз он меравад, ки баъзе аз мушрикон чун Ақаба ибни Абимуъайт оятҳои қуръониро шуниданд, имон оварданд ва ба васвасаҳои рафиқи шақи (бадкор)-аш Убай ибни Халаф боз муртаду кофир шуда ба сӯйи Ҷаҳаннам рӯйи оварданд. Дар ин байн зикри достони баъзе аз анбиё ва қавмҳои дурӯғҳисобандагони онҳо, ба балову ҳалокат гирифторшавии онҳо мисли қавми Лут (а), Нӯҳ (а), Од, Самуд, асҳоби Раъс ва ғайра, иҷмолан баён мешавад. Дар оятҳои охирини ин сура сифатҳои бандагоне, ки онҳоро «Ибодур-Раҳмон» мегӯянд ва онҳо соҳиби ахлоқи ҳамидаанду бо ин сабаб соҳиби аҷри азим мегарданду аз ҷаннатҳои наъим соҳиби ҷойу макон мешаванд, баён шуда сура ба охир мерасад.

Аз он ҷое, ки сураи мазкур ҳаққро аз ботил, нурро аз зулмат, имонро аз куфр ҷудо кардааст, Худованд онро сураи «Фурқон» номид. Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи сураи мавриди назар.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)