Сураи Нур Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 8

وَيَدْرَأُ عَنْهَا الْعَذَابَ أَنْ تَشْهَدَ أَرْبَعَ شَهَادَاتٍ بِاللَّهِ ۙ إِنَّهُ لَمِنَ الْكَاذِبِينَ ٨

Ва ядрау ъанҳа-л-ъазаба ан ташҳада арбаъа шаҳадатин биллаҳи иннаҳу ла мина-л-казибӣн. 8.

8. Ва аз он зан азобро бозмегардонад он ки чаҳор бор гувоҳӣ диҳад, ки «Савганд ба Худо, ҳаройина, вай (шавҳар) аз дурӯғгӯён аст».

Агар дар чунин сурат зан ҳам барои ҳимояи худ қасамхӯрӣ кунад, ҳукми ҳадди зино аз ӯ соқит мешавад. Яъне чунин зан чаҳор бор ба номи Худо гувоҳӣ диҳад, ки шавҳараш бар вай туҳмат задааст ва ҳарчи ки ӯ дар шаъни ман мегӯяд дурӯғ аст, ҳукми ҳадди зино бар вай амалӣ намешавад.

Панҷӯмин гувоҳии зан дар ояти навбати баён мегардад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)