Сураи Нур Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нур Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Нур Ояти 7

وَالْخَامِسَةُ أَنَّ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَيْهِ إِنْ كَانَ مِنَ الْكَاذِبِينَ ٧

Ва-л хомисату анна лаънаталлоҳи ъалайҳи ин кана мина-л казибӣн. 7.

7. Ва ба ҷои гувоҳи панҷӯм (ин гуна) бояд бигӯянд, ки: «Лаънати Худо бар ӯ бод, агар аз дурӯғгӯён бошад».

Баъд аз чаҳор бор бо номи Аллоҳ гувоҳӣ додан бино бар ҳукми ояти мазкур марди дар зоҳир тӯҳматгар дар панҷумин шаҳодаташ бояд бигӯяд, ки агар дар нисбат додани зино бар занам дурӯғгӯ бошам лаънат ва нафрини Худо бар ӯ (ман) бод. Дар ин ҳолат чаҳор бор бо номи Аллоҳ шаҳодат додан ва дар панҷумин бор бар дурӯғгӯ лаънат гуфтан ба ҷои чаҳор гувоҳи марди одил мегузарад.

Хулоса, ҳукми марде, ки ба занаш тӯҳмати зино мезанад ва гувоҳ надорад ин аст: Занашро назди қозӣ ҳозир карда, алайҳи вай даъво мекунад, сипас қозӣ бояд бо тартиби қаблан баёншуда савганд диҳаду файсала кунад.

Чун маросими савгандхӯрӣ иҷро шуд, аз мард ҳукми тӯҳмат (80 дарра) соқит мешавад. Зан агар сукут кунад ё сухани шавҳари худро қабул кунад, ҳукми зино (сангсор кардан) бар ӯ ҷорӣ мегардад.

Аммо ҳукми зино ва сангсор нисбат ба зан, чуноне ки дар ояти зер баён гардид, ҷорӣ нашуданаш ҳам мумкин аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Нур Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Нур Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)