Тафсири Сураи Нур Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 9
وَالْخَامِسَةَ أَنَّ غَضَبَ اللَّهِ عَلَيْهَا إِنْ كَانَ مِنَ الصَّادِقِينَ ٩
Ва-л-хомисата анна ғаЗабаллаҳи ъалайҳа ин кана мина-с-садиқӣн. 9.
9. Дар панҷумин бор бо ин тариқа (гӯяд), ки «хашми Худо бод бар ин зан, агар (шавҳар) аз ростгӯён бошад».
Панҷумин гувоҳии зан бояд чунин бошад, ки бигӯяд: «Агар шавҳарам дар нисбат додани зино бар ман аз ҷумлаи ростгӯён бошад, хашм (ғазаб)-и Худо бар ман бод».
Хулоса, қукми соқит шудани азоб аз зане, ки шавҳараш ба ӯ туҳмати зино кардааст, ин аст: Зан назди қозӣ бо тартиби қаблан зикршуда чаҳор бор гувоҳӣ медиҳад ва панҷумин бор савганд мехӯрад. Бо ҳамин ҳукми азоби зино аз зан соқит мешавад. Дар чунин сурат миёни онҳо ҷудоӣ ба амал меояд, зан бар ин мард ҳароми абадӣ мегардад.
Тафсили ҳукмҳои зино, (ҳамҷинсбозӣ) ва дигар амалҳои зиштро хоҳишмандон метавонанд аз китобҳои фиқҳӣ пайдо кунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «