Тафсири Сураи Нур Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Нур Ояти 10
وَلَوْلَا فَضْلُ اللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُ وَأَنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ حَكِيمٌ ١٠
Ва лав ла фаЗлуллоҳи ъалайкум ва раҳматуҳу ва анналлоҳа Таввабун ҳакӣм. 10.
10. Ва агар фазли Худо ва раҳмати Ӯ бар шумо намебуд ва агар на он буд, ки Худо тавбапазирандаи боҳикмат аст, (кори шумо чӣ мешуд)?
Яъне агар фазл ва раҳмати Худо бар бандагонаш намебуд, бе шак ба яке аз он ду тан (зан ё шавҳар), ки дурӯғ гуфтаанд, азоби сахте мерасид. Аммо Худованд барои касе, ки аз кардааш пушаймон шавад ва бо таассуф ба сӯйи Аллоҳ бозгардад, тавбапазир ва бораҳм аст. Тавбаи шахси аз гуноҳ бозгаштаро қабул мекунад. Ҳамчунин Худованд дар муқаррар кардани ҳукмҳояш Ҳаким аст.
Муфассирон дар шарҳи ояти мазкур гуфтаанд, ки агар фазл ва раҳмати Худо бар бандагонаш намебуд ва ин гуна қонунеро муқаррар намекард, ҳарчанд даъвои шавҳар рост мебуд, барои ӯ (80) дарра воҷиб мегашт. Агар гувоҳии шавҳар рост ба ҳисоб мерафт, ва нуқтаи назари зан ба ҳисоб гирифта намешуд, барои зан ҳадди зино (сангсор) дар сурати дуввум низ ҷорӣ мегардид.
Ё баръакс, гувоҳии зан рост ҳисоб мешуд, нуқтаи назари шавҳар ба ҳисоб гирифта намешуд, бар мард (80) дарра зада мешуд. Бингаред, ки кори Худованд чи қадар бо азамат, раҳматаш чи қадар васеъ ва ҳикматаш чи қадар дақиқ аст.
Аз ояти навбатӣ то ояти 26-ум ҳодисаи «ифк» туҳмат ба Оиша (р) баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Нур «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «