بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Ал-ҳамду лилаҳи рабби-л-ъаламин вассалату ва-с-саламу ъала ашрафи-л-анбийаи ва-л-мурсалин ва ъала алиҳи ва асҳабиҳи ва аҳлу байтиҳи аҷмаъин ва ъала ман тобаъаҳум би иҳсан ила явмиддин.
Аммо баъд:
Ман аз он хушҳолам, ки баъди 6 ё 7 аср халқи тоҷик бо забони модариаш тафсири Каломи Раббониро мехонад. Албатта, ин марҳамати илоҳист, ки дили баъзе аз бандагони худро ба эҷоди чунин корҳо майл дода, шароитро барои онҳо фароҳам овардааст. Ҳоло бошад, хонандаи мухлис, «Тафсири Осонбаён», сураи «Бақара», пораҳои 1-2-3-юмро дар даст доред, ки бародари азизи мо – Абӯаломуддин барои ба охир расонидани ин пораҳо заҳмати фаровоне кашидааст. Албатта, чунин заҳматҳоро аҳли қалам бисёртар қадр мекунанд. Ин ҳам тақдири илоҳист, касеро лоиқ бинад, бо лутфу меҳрубонии худ чунин корҳоро барояш осон мегардонад. Ҳоло ифтихор аз он дорам, ки аввалин шуда ин китоб назди ман қарор дорад. Бародари мо саъю кӯшиш намуда, оятҳоро тарҷума намуда, онҳоро шарҳу эзоҳ диҳад. Ин услуб барои шахсоне, ки дар фаҳми луғати арабӣ моҳир нестанд, барои фаҳмидани маънои Қуръон беҳтарин равиш аст.
Худоро ҳамвора сипосгузорем, ки мамлакати моро шахсоне роҳбарӣ доранд, ки худ мусулмонанд ва барои иҷрои чунин орзуҳои деринаи мо зид набуда, тарафдори илму маърифат ва дар паи эҳёи суннати ниёгонанд.
Дар охир дасти дуъо бардошта, аз Худованд мепурсам, ки ин озодӣ ва ин адолату оромиро аз мо дур накунад, то он мероси маънавие, ки аз гузаштагони мо мондааст, бори дигар эҳё карда тавонем. Омин!
Имом-хатиби масҷиди Шайх Муслиҳитдин ва узви маҷлиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Муслиҳиддин Мукаррамзода (р).
Огозсухан – Тафсири осонбаён – Тафсири Курони Карим