
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим.
Ҳамду санои беадад ба Худованди яктову беҳамто, дуруди бепоён ба фиристодаи барҳақи Ӯ – ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с). Ҳамчунин салому паёмҳои самимӣ ба шумо, хонандагони арҷманду гиромӣ ва дӯстдорони каломи Раббонӣ.
Солҳо мақсад доштем, ки чунин як китоберо омодаи нашр ва пешкаши ташнагони маърифати илоҳӣ гардонем. Вале ризои Худованд чунин рафта, ки мақсади мо то имрӯз ба таъхир афтода, бо баъзе сабабҳои ҳаёт амалӣ нагашт. Ниҳоят шукру сипос он Зоти покро, ки ба мо муяссар гашт бо хоҳишу дархости бародарон ва бо дастгирии онҳо ба амалисозии ин кори бузург мушарраф гардем. Худованд муваффақ гардонад. Омин!
То имрӯз нисбати каломи Раббонӣ, яъне Қуръони азимуш-шаън шарҳу тафсирҳои зиёди олимони мӯҳтарам ба дасти хонандагон расидааст ва Худо хоҳад дар оянда ҳам мерасад.
Дар бораи китоби осмонӣ сухане гуфтан корест ниҳоят нозуку душвор, бисёр эҳтиёткориро талаб мекунад ва масъулияти зиёдеро тақозо дорад. Пӯшида нест, ки на ҳама қудрати фаҳмидани каломи Худовандро дорад, чунки донистани луғати арабӣ барои аксари мардуми мо муяссар нест. Ин ҳатто имкон намедиҳад, ба воситаи шарҳу тафсирҳо маъною мақсади оятҳои каримаро дуруст фаҳмем. Ин ақида хусусан, ба бонувони мӯҳтарами мо низ дахл дорад. Ҳаминро мавриди эътибори худ қарор дода, вазифаи худ донистем, то ҳадде, ки имкон дорем, бо мадади Худованди мутаъол тафсире барои Каломуллоҳ ба забони фасеҳу сода ва оммафаҳм омода бисозем, то мавриди фаҳми ҳамагон қарор гирад, хусусан, барои хоҳарони меҳрубон. Муроди мо ҳамин аст, на ғарази дигар. Иддаои унвони муфассирӣ кардан ва касби шӯҳрату ному мансабро надорем. Мо дар сифати муфассир не, балки Худо хоҳад, дар сифати ҷамъкунандаи тафосир қарор дорем. Агар дар ин ҷодае, ки мо қадам гузоштем, Худованди якто моро аз лағжишҳо нигаҳ дошта, барору муваффақиятро насибамон гардонад, идома додани сайри роҳи пешгирифтаамонро зарур мешуморем.
Дар таҳияи китоб саъй намудем, то оятҳо дар тарҷума бо ҳам алоқаи мантиқӣ дошта бошанд, матни тафсиру шарҳи оятҳо то ҳадди имкон соддаву фаҳмо бошад, то хонандагони азиз барои дарк кардани мақсаду матлаби асосӣ душворӣ накашанд. Аз адабиёте, ки дар даст дорем, Тафсири Ибни Кассир, «Сафватут-тафосир», «Тасҳилул баён», Тафсири Ҷалолайн, Ҳусайнӣ, Тафсири Ҳилол, Тафсири Кобулӣ ва дигар тарҷумаҳои форсӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар фароварди гуфтори худ аз ҳамдинони гиромиқадр хоҳиш дорем, ки дар сурати дидани саҳву хатоҳои мо онҳоро ислоҳ бахшанд ва маслиҳату пешниҳодҳои худро аз мо дареғ надоранд, чунки ин амалро мо амали хайр меҳисобем, то дар аҷру савоб Худо кунад, ки ҳама бо ҳам баробар бошем. Аз ин саъю кӯшиш мақсади мо андак ҳам бошад аз мазмуни оятҳои Қуръони азимушшаън хабардор сохтани оммаи мардуми ҳамзабон аст.
Эъзор: (узри ҷамъкунандагон)
Аз партави нури Ислом дар диёри мо, алҳамдулиллоҳ, зиёда аз 14 аср гузашт. Дар аснои ин қарнҳо аз байни мардуми мо бисёр алломаҳо, муфассирон, муҳаддисон, мутафаккирон ва муаддибон дар саҳнаи илму маърифат ба дунё омаданд ва дар қатори дигар илмҳо имлои арабӣ низ доштанд. Ҷои таъассуф аст, ки аксари мардуми мо ин иқдоми аҷдодиро ба ғайри иддаи башумор дигарон аз даст доданд ва то ҳозир аз он маҳруманд. Бинобар ин, барои шумо, азизон, нияти хуб намуда, Аллоҳ медонад, ки ин кори мо кай ба охир мерасад, вале кори тарҷума ва эзоҳро чун бори сангин бар дӯш ниҳодему ва ҳаракат кардем, то ки фаҳмидани оятҳо барои ҳама саҳлу осон бошад ва асоси динашонро фаҳманд. Чунки ин барои ҳар як фарди мусулмон бениҳоят зарур аст. Ин китобро “Тафсири осонбаён” ном ниҳодем ва ба ҳуруфоти ҳозираи кириллӣ дар муддати 16-17 сол навишта, тақдими хонандагони гиромӣ гардонидем. Худованд осон кунад ва камбудиҳои моро худаш бахшад, чунки инсон бенуқсон нест.
Ҷамъ кардани Қуръон
Ҳамчуноне, ки аз китобҳои таърих бармеояд, дар замоне ки ҳазрати Муҳаммад (с) зиндагонӣ мекарданд, Қуръон дар шакли китоб набуд. Он дар саҳифаҳо мактуб ва дар дилҳо маҳфуз буд. Оятҳои Қуръон баъзан як оят ё зиёдтар ва баъзан ҳатто як сураи комил ҳам нозил мешуд. Расулуллоҳ мефармуданд, ки оятҳои нозилшударо дар фалон ҷои сура ва дар давоми фалон оят китобат кунанд.
Чун он Ҳазрат (с) аз ин дунёи фонӣ ба дунёи боқӣ реҳлат намуданд ва мусулмонон ҳазрати Абӯбакр (р)-ро халифаи худашон интихоб карданд, дар ин асно баъзе имоновардагон аз додани закот саркашӣ намуда, аз динашон гаштанду муртад шуданд. Ҷанги шадиде байни муртадшудагон ва мусулмонон ба вуқӯъ пайваст.
Дар он ҷанг бисёре аз қориёни Қуръон ба шаҳодат расиданд ва сафи онҳо кам шудан гирифт. Ҳазрати Абӯбакр ва Умар (р) бо ҳам маслиҳат карда, гуфтанд, ки агар кор чунин давом кунад, ин хатарест барои аҳли Ислом. Чӣ бояд кард? Ҳазрати Умар (р) пешниҳод карданд, ки Қуръонро ба шакли китоб ҷамъ кардан лозим. Аввало ҳазрати Абӯбакр (р) ризо нашуда гуфтанд: “Чӣ тавр кореро, ки дар давраи ҳазрати Муҳаммад (с) нашуда, мо мекунем?”. Аммо баъди чанд муддат розӣ шуданд, ки ҳамаи сура ва оятҳои Қуръонро дар шакли китоб ҷамъ кунанд. Аввалан ҳазрати Абӯбакр (р) ин корро зарур шуморида, камари ҳиммат баста, саҳобаи киром Зайд ибни Собит (р)-ро ба наздашон хонданд ва ин вазифаро бар зиммаи ӯ гузоштанд, чунки ӯ Қуръонро бисёр хуб аз худ карда буд ва доимо бо ҳамроҳии Расулуллоҳ (с) буда, ваҳйи илоҳиро, ки ба он Ҳазрат (с) нозил мешуд, китобат мекард.
Бо вуҷуди он ки ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ва Зайд ибни Собит (р) Қуръонро бисёр хуб медонистанд, ба ин кифоя накарда, дар масҷид эълон карданд, ки ҳар киро дар ихтиёр сура ва оятҳое, ки дар ҳузури он Ҳазрат (с) ва дар ҳузури ду шоҳид навишташуда бошад, барои ҷамъ кардани Қуръон ба назди мо биёрад. Дар ин хусус фармони халифа ҳам ба ҳукми иҷро даромад.
Ҳазрати Умар (р) ва Зайд ибни Собит (р) дар масҷид нишаста, сура ва оятҳои Қуръонро бо шоҳидон як-як аз назар мегузарониданд. Ин корашон муддати як сол давом кард. Баъди ҷустуҷӯ ва таҳқиқи бисёр Қуръонро ҷамъ карданд (Худо аз онҳо розӣ шавад). Баъди он нусхаи ҷамъшударо ба аҳли ҷомеаи онвақта хонда, эълон карданд. Агар як калима ё ҳарфе мувофиқ намеомад, ё пас ва ё пеш меомад, садҳо аз ёд медонистагиҳо буданд, ки садояшон баланд мешуд. Баъди тасҳеҳу тасдиқ кардани матни Қуръон, ҳама дар шакли китоб фароҳам оварда шудани онро ризоият доданд. Ин вазифаи хеле мушкилро ҳазрати Умар ва Зайд ибни Собит (р) бо камоли диққат ва эҳтиёткорӣ ва иштироки фаъолонаи адади саҳобагони киром бошарафона иҷро намуданд. Баъд аз он Қуръонро дар пӯсти оҳу навишта, аз миёнаш баста, дар хонаи ҳазрати Абӯбакр (р) монданд. Чун ҳар вақте даркор мешуд, ба он муроҷиат мекарданд. Баъд аз вафоти Абӯбакр (р) Қуръонро дар хонаи ҳазрати Умар (р) ва баъд аз вафоти ҳазрати Умар (р) дар хонаи духтарашон- Ҳафса (р), ки ҳамсари Расулуллоҳ (с) буданд, нигоҳ дошта мешуд. Баъд бо мурури замон мардуми араб ва ғайри араб ба дини мубини ислом даромада, сафи мусулмонон ва шаҳру қаряҳои мусулмоннишин зиёд мешуд. Барои хондани Қуръон байни мардум ихтилоф пайдо шуд, чунки ҳар кас ҳар хел хонда ва ҳар хел қироъат мекард.
Ҳазрати Усмон (р) – (халифаи сеюми мусулмонон) ин ҳолро дида, аз модарамон – Ҳафса (р) саҳифаҳои даври ҳазрати Абӯбакр (р) навиштаро, ки дар хонаи ӯ нигоҳ дошта мешуд пурсид ва барои нусхаи Қуръонро зиёд кардан фармон баровард.
Баъди тайёр шудани нусхаҳо (дар ривояте шаш нусха тайёр карданд), ки дар пӯсти оҳу навишта шуда буданд, ба марказҳои мусулмоннишин якнусхагӣ бо ҳамроҳии як қории Қуръон ва ду шоҳид фиристода, фармон бароварданд, ки агар Қуръонро нусха кардан лозим шавад, аз ҳамин нусхаҳо истифода баранд ва қироъатро аз ҳамин қориҳои Қуръон биомӯзанд.
Дар ҷаҳон ягон миллат ба китобҳои муқаддаси худ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардаанд, аз ҳамин сабаб нусхаҳои якуми дастнависи он китобҳои муқаддас дар рӯи ҷаҳон боқӣ намонда, аз даст рафт. Ҳамин сабаб шуд, то ҳар кӣ хост, дар он китобҳои муқаддас табдилу тағйир ворид карда, мувофиқи табъи дилаш нависад ва гӯяд, ки ин ҳамон китоби осмонист ва ҳамон китоби муқаддас аст. Ба ибораи дигар ном яку аммо навиштаҷот ҳархелаву гуногун, аз ҳамин сабаб онҳо гумроҳ шуданд.
Аммо миллати мусулмон ба ҳифзу ҳимояи Қуръони азимушшаън хело аҳамияти бемонанде нишон доданд. Ҳатто яке аз он нусхаҳои дастнависи аввалин дар шаҳри “Шош” (Тошканд) арзи вуҷуд дорад. Аз ҳамин сабаб Қуръони олами Ислом ҳама якхела китобат мешаванд ва онро тағйир дода наметавонанд. Агар андаке тағйир пайдо шавад, бо тезӣ бо нусхаи аввала муқоиса карда мешавад ва онро ислоҳ менамоянд.
Алҳамдулиллоҳ, дар замони мо низ мусулмонони аз умқи қалб Қуръонро медонистагӣ бисёранд, бинобар ин ягон кас ба тағйир додани Қуръон қодир шуда наметавонад. Ҳол он ки душманони Ислом борҳо ҳаракат карданд, то дар Қуръон рахнае содир кунанд, аммо алҳамдулиллоҳ, ба нокомӣ дучор омаданд.
Каломи аз ҳама олӣ каломи Парвардигор аст, ки гуфтааст: “Инно наҳну наззална-з-зикра ва инно лаҳу лаҳофизун” (сураи Ҳиҷр, ояти 9).
“Мо худамон ин Қуръонро нозил кардем ва мо албатта онро ҳимояткунандаем”.
Аз ҳамин сабаб, то рӯзи қиёмат ин китоби муқаддаси мусулмонон, ки Қуръони карим аст, бе тағйир боқӣ мемонад.
Бо бардоштани дасти дуо сӯйи Худованди меҳрубон илтиҷо мекунем, ки ба ҳама мӯъминон баҳри дарки Қуръони маҷид лутфу марҳамати хешро арзонӣ гардонад. Омин, ё Раббал оламин!
Хонандаи азизи сомонаи мо! Акнун шумо метавонед Тафсири осонбаёни Қуръони каримро аз сомонаи мо, сура ба сура ва оят ба оят хонед. Барои ин ба ин бахш гузаред >> “Тафсири Осонбаёни Қуръони Маҷид”