Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 13
قَدۡ كَانَ لَكُمۡ ءَايَةٞ فِي فِئَتَيۡنِ ٱلۡتَقَتَاۖ فِئَةٞ تُقَٰتِلُ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَأُخۡرَىٰ كَافِرَةٞ يَرَوۡنَهُم مِّثۡلَيۡهِمۡ رَأۡيَ ٱلۡعَيۡنِۚ وَٱللَّهُ يُؤَيِّدُ بِنَصۡرِهِۦ مَن يَشَآءُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّأُوْلِي ٱلۡأَبۡصَٰرِ ١٣
Қад кона лакум оятун фи фиатайн-илтақато. Фиатун туқотилу фт сабилиллоҳи ва ухро кофирату-й яравнаҳум-м мисалайҳим раъя-л-ъайн. Валлоҳу юаййиду би насриҳи ма-й-яшаъ. Инна фи золика ла ъибрата-л лиули-л-абсор. 13.
13. Батаҳқиқ, барои шумо дар ду гурӯҳе ки бо ҳам муқобил шуданд, нишонаи ибрат буд: гурӯҳе дар роҳи Аллоҳ ҷанг мекарданд ва гурӯҳи дигаре кофир буданд. Мусалмонон кофиронро бо чашми худ ду баробари хеш медиданд. Ва Аллоҳ ба нусрати Худ ҳар киро хоҳад, қувват медиҳад. Ҳаройина, дар ин воқеъа соҳибхирадонро панде ҳаст.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур хитоб ба яҳудиёни Мадина намуда, панд медиҳад, ки эй ҷамоаи яҳудиён, оё шумо аз он ду тоифае, ки дар ғазои Бадр муқобили ҳамдигар (гурӯҳе муъминанду дар роҳи Аллоҳ ва барои баланд бардоштани қадри дини Аллоҳ меҷангиданд ва гурӯҳи дигаре кофиранд, яъне кофирони Қурайш дар роҳи ботил (шайтон) алайҳи мусалмон) меҷангиданд, натиҷагирӣ накардед? Ҳол он ки дар ин асно кофирони Қурайш се баробари мусалмон, яъне тақрибан байни 900 то 1000 нафар буданд, локин Аллоҳтаъоло чашми мусалмононро чунон кард, ки онҳоро бе ягон ваҳму хаёл дучанди худ медиданду халос. Натиҷа он аст, ки Худованд нусрати шахсеро хоҳад, ба ҳар сурат ӯро ғолиб мегардонад. Агарчӣ мусалмонон кам (яъне 313 нафар) буданд, локин Аллоҳтаъоло онҳоро ғолиб гардонд. Оё барои яҳудиёни Мадина ин панду ибрат набуд, ки даъвати Расулуллоҳ (с)-ро иҷобат кунанд? Афсӯси шахсоне, ки чунин ҳодисаҳои ибратбахшро мебинанду ҳатто аз Расулуллоҳ (с) суханро мешунаванд, аммо ибрат намегиранд. Албатта, чунин ҳодисаҳо ва мавъизаҳо барои соҳибхирадон ва соҳибони фикри дуруст панду ибрат аст. Маънои оят, валлоҳу аълам, чунин аст, ки ғалаба дар ҳама ҳолат танҳо ба бисёрии нафару моддиёт вобаста нест. Балки ба нусрати Парвардигор вобаста аст. Аллоҳтаъоло дар ояти зер аз мағрур шудани мардум ба шаҳватҳои ҳаёти фония хабар дода мефармояд, ки:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «