Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 12
قُل لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ سَتُغۡلَبُونَ وَتُحۡشَرُونَ إِلَىٰ جَهَنَّمَۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ ١٢
Қул лил лазина кафару сатуғлабуна ва туҳшаруна ило Ҷаҳаннама ва биъса-л-миҳод. 12.
12. Бигӯ барои ононе, ки кофир шуданд: «Зуд аст, ки шумо мағлуб хоҳед шуд ва ба сӯйи Дӯзах барангехта хоҳед шуд ва он бад ҷойгоҳ аст».
Сабаби нузули ояти мазкурро Муҳаммад ибни Исҳоқ бинни Ясор аз Осим бинни Амр ибни Қатода чунин ривоят мекунанд, ки вақто Расулуллоҳ (с) аз ғазои Бадр бо фирӯзӣ ба Мадина баргаштанд, дар бозори Қайнақо яҳудиёни Мадинаро ҷамъ намуда, ба онҳо гуфтанд: “Ай ҷамоаи яҳудиён, чунонеки ба қурайшиён дар Бадр шикаст расид, пеш аз он, ки ба шумо чунин шикаст расад, Ислом биёреду таслим шавед!” Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: “Ай Муҳаммад, шумо бо чанд нафари ҷангнаозмуда рӯ ба рӯ шудеду онҳоро шикаст додед, мағрур нашавед. Онҳо тариқи ҷангро намедонистанд. Валлоҳи қасам, ки агар ба мо биҷангед, баъд медонед, ки мо ҳам мард ҳастем. Ту то ҳол ба мисли мо бо касе рӯ ба рӯ наомадаӣ!” Дар ҳамин асно ояти мазкур нозил шуд, яъне Аллоҳтаъоло рӯи суханро ба Пайғамбар (с) гардонида, фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), барои яҳудиён бигӯ, ки дар ҳамин дунё ба зудӣ шикаст мехӯред ва дар охират бошад, шумо бархезондаву зинда гардонида шуда ба сӯи ҷаҳаннам ронда мешавед. Ҷаҳаннам барои шумо чӣ ҷои баду нохуш аст ва оташи он барои шумо ногувор, дар дохили он дигар чӣ кор карда метавонед?
Дар ҳақиқат чандон вақте нагузашт, мазмуни ин оят дар амал ҷорӣ шуд. Яъне яҳудиёни Мадина – Бани Қурайза ва Бани Назир аҳдашонро шикастанд, дар дигар ғазоҳо онҳо шикаст хӯрданду мағлуб шуданд, мушрикони Макка бошанд, дар фатҳи Макка мағлуби ҳамешагӣ гардиданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «