Сураи Оли Имрон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 14

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ ٱلشَّهَوَٰتِ مِنَ ٱلنِّسَآءِ وَٱلۡبَنِينَ وَٱلۡقَنَٰطِيرِ ٱلۡمُقَنطَرَةِ مِنَ ٱلذَّهَبِ وَٱلۡفِضَّةِ وَٱلۡخَيۡلِ ٱلۡمُسَوَّمَةِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ وَٱلۡحَرۡثِۗ ذَٰلِكَ مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسۡنُ ٱلۡمَ‍َٔابِ ١٤

Зуййина  ли-н-носи ҳуббу-ш-шаҳавоти мина-н-нисаи ва-л банина ва-л-қанотири-л-муқантарати мина-з заҳаби ва-л-фиЗЗати ва-л-хайли-л-мусаввамати ва-л-анъоми ва-л-ҳарса. золика матоъу-л-ҳайоти-д дунйо. Валлоҳу ъиндаҳу ҳусну-л-маоб. 14.

14. Барои мардум дӯстии орзуҳои нафсро ороста карда шудааст. Аз он ҷумла занон, фарзандон, хазинаҳои ҷамъсохтаи аз зару сим, аспони нишонадор ва чаҳорпоён ва зироатро. Ин ҳама баҳраи зиндагонии дунё аст. Ва саранҷом, ҷои бозгашти некӯ назди Аллоҳ аст.

Аллоҳтаъоло, зимни ин оят ва ояти баъдӣ, аз аҳволи мардум хабар медиҳад, ки байни дунё ва охират бисёр фарқи калон аст, локин мардум ҷилваҳои дунёро ихтиёр мекунанд. Сабаб он аст, ки он чи ки баҳраи зиндагонии дунёст, чун зану фарзанд, хазинаҳои тангаву тилло, аспони номдор, чаҳорпоён мисли гову гӯсфанд, уштур ва заминҳои кораму зироатҳои бар авҷ расида ва ғайра. Ҳамаи инҳо дар чашми онҳо зинат дода шудааст. Хоҳиши нафси ҷамии мардум ба сӯи чунин ҷилваҳо ва матои дунё майл дорад. Агарчанде онҳо барои мардум қиматтарин чиз ва мақсади асосии зиндагии онҳо бошанд ҳам, ин ҳамаро Аллоҳтаъоло матои андаку дар андакзамон нобудшаванда номид. Дар ояти мазкур, рӯйхати чанд намуд ашёи дунё зикр шуд ва дар ибтидо сухан аз зан рафт, ин барои он аст, ки фитнае, ки инсон бо сабаби зан гирифтор мешавад, нисбат ба фитнаи дигар ашёи номбурда сахттар воқеъ мешавад. Дар ин хусус дар Саҳеҳи Бухорӣ ҳадисеро аз Расулуллоҳ (с) ривоят кардаанд, ки ӯ (с) фармудаанд: Баъд аз ман ҳеҷ зарарноктар бар мардон аз фитнаи занон дида фитнаи дигаре нест. Локин мақсади издивоҷ бо зане барои пок нигоҳ доштани нафси худ ва бисёр кардани фарзанд бошад, маломат нест. Балки чунонеки дар ҳадиси Расулуллоҳ (с) омадааст, хуб аст. Дунё матоъ аст, беҳтарини он зани некӯст, чун мард ба тарафи ӯ нигоҳ кунад, хурсанд шавад, агар Ӯро ҳукме кунад, итоъат мекунад, агар аз ӯ ғоиб шавад худро ва моли шавҳари худро нигоҳ медорад. 

Баъд аз ин зикри фарзандон омадааст. Агар дӯст доштани фарзандон ҳам барои зиннати дунё ва тафохури он бошад, ин ҳам таҳти ваъиди ин оят дохил аст. Агар барои зиёд кардани уммати Расулуллоҳ (с) бошаду ибодати Аллоҳ бошад, чунонеки дар ҳадис омадааст, хуб асту маломат нест. Инчунин, дӯст доштани мол ҳам чунин аст. Агар ҷамъоварии он барои фахру кибр бар камбағалҳо бошад, ин бисёр бад аст. Агар барои нафақаи роҳи Аллоҳ, силаи раҳм, итоати Аллоҳ бошад, хуб аст. Бо ин қиёс дигар ашё ҳам чунин аст. Хулоса, айшу ишрати дунё сабаби ғафлатзадагӣ бошад, бисёр бад аст. Худованд ин ҳамаро матои андак гуфта, ончиро, ки назди худаш аст, бозгашти бисёр хубу гуворо номидааст. Ҳар касе, ки бозгашти хуб мехоҳад, он назди Худованд аст. 

Байт:

Эй дил, аз даргоҳи ҷонон рух матоб,

Зиндагӣ хоҳӣ, ба ҷонон иқтироб.

Чанд гардӣ кӯҳу саҳро дар ҳавас,

Пеши Ӯ ой, иннаҳу ҳуснул маоб.

                     (аз тафсири Ҳусайнӣ)

Ояти навбатӣ, иншоаллоҳ, он бозгашти хубро баён мекунад. Хонандаи мухлис, пеш аз он ки ба эзоҳи ояти навбатӣ шурӯъ кунем, як фоидаеро аз ояти мазкур иншоаллоҳ, пешкаши шумо мегардонем: Муфассирони олиқадр фикри худро дар тафсири ҷузъи аввали ояти мазкур “зинат дода шуд барои мардум хоҳишоти нафсашонро” бо овардани оятҳо аз дигар сураҳо қувват додаанд. Масалан, гурӯҳе аз муфассирон мегӯянд, ки зинатдиҳандаи хоҳишоти нафсонӣ шайтон аст, ки бо васвасаҳои худ онҳоро, чунонеки дар ҷузъи ояти 24-уми сураи “Намл” омадааст, тела медиҳад. “Ва зайяна лаҳумуш-шайтону аъмолахум” “Ва зинат додааст барои онҳо шайтон амалҳояшонро”. Баъзе аз муфассирон барои қувват бахшидани эзоҳи ҷузъи ин оят ояти 7-уми сураи “Каҳф”-ро далел оварданд: “Инно ҷаъално ъалал арзи зинатал-лаҳо ли наблуваҳум айюҳум аҳсану ъамало” – “Мо он чи ки дар рӯи Замин ҳаст, барои он зиннат қарор додем, то онҳоро биозмоем, ки кадом яки аз онҳо амалашон беҳтар аст”. Онҳо гуфтанд, ки зинатдиҳанда Аллоҳтаъолост, ин ҳамаро барои имтиҳони банда


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

гони худ зинат додааст, то ин ки бандаи шаҳватпараст, аз бандаи ҳақиқии Худопараст, фарқ кунад. Ривояти сониро бинобар ихтиёри Имом Бухорӣ, ки аз Умар (р) ривоят шудааст, саҳеҳтар донистаанд. Яъне дар Саҳеҳи Бухорӣ чунин омадааст: “Ибни Ҷарир гуфт: Моро ибни Ҳумайдӣ аз Ҷарир ибни Ато ва дар охир аз Умар ибни Маъд ривоят кардаанд, ки ишон гуфтаанд: Вақто ки ояти мазкур нозил шуд, Умар ибни Хаттоб (р) гуфтанд: “Илоҳо, нест сабре барои мо, бар он чи ки зинат додаӣ онро барои мо, магар бо ёрии худ”. Дар ҳамин асно, ояти зер валлоҳу аълам, барои эзоҳи он чи ки зинати дунёст, нозил шуд.

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)