Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 16
ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَآ إِنَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ١٦
Ал-лазина яқулуна Раббана иннана оманно фағфир лано зунубано ва қино ъазоба-н-нор. 16.
16. Онон ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки мо имон овардем, пас, биёмурз гуноҳҳои моро ва моро аз азоби оташи Дӯзах нигоҳ дор.
Аз ояти мазкур маълум мешавад, ки барои нест шудани гуноҳон, имон овардан шарти аввал аст. Яъне сифати шахсони парҳезгоре, ки ба дохил шудан ба Ҷаннат ваъда шудаанд, ин аст, ки онҳо дар баробари амалҳои худ масъулият ҳис намуда, мегӯянд, ки Парвардигоро, ба Ту ва ба китоби Ту ва ба Расули Ту имон овардаем. Бо фазлу марҳамати хеш гуноҳҳои моро бахш ва моро аз азоби оташи Ҷаҳаннам раҳо деҳ. Метавон гуфт шахсоне, ки дорои чунин сифат ва сифатҳои баъдианд, имон овардани худро эълон доштаанд. Панҷ сифати дигари чунин шахсонро ояти зер, иншоаллоҳ, эзоҳ медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «