Сураи Оли Имрон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 15

قُلۡ أَؤُنَبِّئُكُم بِخَيۡرٖ مِّن ذَٰلِكُمۡۖ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ عِندَ رَبِّهِمۡ جَنَّٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَا وَأَزۡوَٰجٞ مُّطَهَّرَةٞ وَرِضۡوَٰنٞ مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِٱلۡعِبَادِ ١٥ 

Қул а-унаббиукум би хайри-м мин золикум. Лил лазина-т-тақав ъинда Раббиҳим ҷаннотун таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳору холидина фиҳо ва азвоҷум мутаҳҳарату-в ва риЗвону-м   миналлоҳ. Валлоҳу басирун би-л-ъибод.  15.

15. Бигӯ: «Оё шуморо ба он чи ки аз баҳраи зиндагонии дунё беҳтар аст, хабар диҳам? Ононе ки парҳез карданд, назди Парвардигорашон боғҳост, ки аз зери онҳо ҷӯйҳо равон аст, дар он ҷовидон бошанд ва занҳои покиза барои онҳо ва хушнудие аз ҷониби Аллоҳ бошад. Ва Аллоҳ ба бандагони Худ биност».

Мутаассифона, аксари мардум барои ёфтани молу сарвати дунё бисёр вақти пурқиммати худро сарф мекунанд. Сарвати дунё меёбем гуфта, ба шакку шубҳа роҳ дода, бисёр гуноҳ ҳам мекунанд. Ҳол он ки неъмати ин дунё як чизи намеарзидагӣ ва орзую ҳаваси андак аст. Локин аз дигар тараф, муқобили ин неъматҳои муваққатӣ боз неъматҳои абадӣ аст. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло зимни ин оят Ҳабиби худ (с)-ро хитоб намуда мефармояд, ки: “Ай Муҳаммад (с), барои мардум бигӯ, ки оё барои шумо, аз он чи ки дар дунё барои шумо зинат дода шудааст ва онҳо хоҳам-нахоҳам дуршавандаанд, беҳтару хубтарашро хабар диҳам?”. Ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки неъматҳои охират, нисбат ба неъматҳои дунё дар қадру қиммат ва сифат фарқи бисёре доранд. Чунин ҳам бошад, барои ҳар инсон онҳо муяссар нестанд. Балки барои бандагони тақводору парҳезгор хос гардонида шудаанд. Яъне онҳо насиби шахсонеанд, ки онҳо аз Аллоҳ дар ҳозиру ғоиб метарсанд. Барои чунин шахсон назди Парвардигорашон боғҳои васее омода шудааст, ки аз таҳти дарахтону байни гӯшаву атрофҳои онҳо наҳрҳо, бо навъҳои нӯшобаҳои мухталиф, мисли асал, шир, об, ва ғайра ҷорианд. Онҳо чунонанд, ки на чашме онҳоро дидаву на гӯше онҳоро шунидааст. Аҳли тақво абадӣ дар он боғҳои номбурда сукунат мекунанд. Илова бар ин, Аллоҳтаъоло барои аҳли тақво дар боғҳои Ҷаннат занҳоеро насибашон гардонидааст, ки онҳо тамоман аз он одатҳо ва аз он айбҳое, ки занҳои дунёӣ доранд, поканд. Яъне, онҳоро на чирку чакан асту на ҳайзу нифосе, ки мардони онҳоро бад ояд ва нохушоям бошанд. Илова бар ин, аз ҳама волотару беҳтарин неъматҳои ҳарду саро барои онҳо ризогии Парвардигор аст. Онҳо ҳаргиз норизогии Ӯро намебинанд. Худованд ҳоли бандагони Худро бинанда ва донанда аст. Худованд чӣ гуна ва бо чӣ шакл халқ кардани бандагонаш, хоҳиши онҳо, бо онҳо бо чӣ гуна ҷазо муомила намудан ва аз атои Худ ба онҳо чӣ насиб доданро бисёр хуб донанда аст.

Аллоҳтаъоло дар ояти зер сифати бандагонеро, ки муттақианд, баён намуда, онҳоро ба башорати дохил шудан ба неъматҳои доимии Ҷаннат икром мефармояд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)