Сураи Оли Имрон Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 17

ٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡمُنفِقِينَ وَٱلۡمُسۡتَغۡفِرِينَ بِٱلۡأَسۡحَارِ ١٧ 

Ас-собирина ва-с-содиқина ва-л-қонитина ва-л мунфиқина ва-л-мустағфирина би-л-асҳор. 17. 

17. (онҳо дар роҳи Худо) сабркунандагонанд ва ростгӯёнанд ва фармонбардоранд ва харҷкунандагонанд ва дар саҳаргоҳон омурзишхоҳандагонанд.

Сифати 2-юми шахсони парҳезгор, ки ваъда ба дохил шудани Ҷаннат шудаанд, ин аст, ки нури имон дили онҳоро равшанӣ дода, дар ҳолати рӯ ба рӯ омадани мусибатҳо аз худ сабр нишон дода, даст ба гуноҳ намезананд. Сифати 3-юми шахсони номбурда ин аст, ки эшон дар имони худ содиқ буда, он чи дар ботини худ эътиқод доранд, дар зоҳир ҳам ба он амал мекунанд, аз нифоқ, дурӯғ, хиёнат ва ғайра дурӣ меҷӯянд. Сифати 4-уми онҳо ин аст, ки дар ҳама ҳолат хоҳ тинҷӣ бошад, хоҳ сахтӣ дар тариқи бандагии Аллоҳ доимианд. Сифати 5-уми шахсони номбурда ин аст, ки эшон молҳои худро барои ризои Аллоҳ дар корҳои хайр сарф намуда, ба ниёзмандон кӯмак мерасонанд. Сифати 6-уми эшон ин аст, ки дар саҳаргоҳон пеш аз субҳ ба истиғфор машғуланд. Саҳобаи бузург Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар шаб намоз мехонданд, хизматгори худро мегуфтанд: “Эй Нофиъ, оё саҳар шуд? “Агар Нофиъ мегуфт:” Ҳа, саҳар шуд. “Саҳобаи киром то субҳдам рӯ ба дуою истиғфор меоварданд. Хулоса, вақти субҳу саҳарро тахсис ба дуою истиғфор намудан, барои он аст, ки дуо ба қабул шудан наздик аст. Зеро нафси инсон дар ин ҳолат мусаффо, тану рӯҳ як ҷо ҷамъ аст. Далолати ояти мазкур ҳам ин аст, ки дар чунин ҳолат ба дуою истиғфор машғул шудан хуб аст, албатта, дуо қабул аст. Ибни Мурдавия аз Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки эшон гуфтанд: “Ҳар вақто ки мо дар шаб намоз мехондем, дар охири шаб (яъне пеш аз дамидани субҳ) мо ба гуфтани 70 маротиба “Астағфируллоҳ” амр мешудем.”


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)