Падари бомбаи атомӣ – Алберт Эйнштейнро шояд нафаре набошад, ки нашиносад. Ӯ зодаи шаҳри Улми Олмон аст. 14-уми марти соли 1879 таваллуд шудааст. Аввали таҳсилро дар шаҳри дигари Олмон – Муниҳ идома дода, онро дар Швейтсария ба анҷом мерасонад. Чунки соли 1905 аз Олмон бадарға шуд ва худро ба тобеияти давлати Швейтсария пайваст. Ӯ аввалин нафаре буд, ки Амрикоро аз хатари атомӣ шудани Олмон огоҳ намуд. Бо вуҷуди он, ки тарҳи бомбаи атомӣ аз ҷониби ӯ пешниҳод шуда буд, аммо иштирок дар банду басташро рад кардааст. Эйнштейн соли 1955 дар шаҳри Принстони ИМА даргузашт.

Дар ҳаёти ҳама нобиғаҳо факту далелҳои аҷиб мавҷуданд, ки на ҳама аз онҳо воқиф ҳастанд. Аз ҷумла дар ҳаёти Эйнштейн аҷоиботҳое нуҳуфтаест, ки инсонро ба ҳайрат меоранд. Бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни интернетӣ чанде аз онҳоро, баҳри шумо корбарони сомонаи Donish.su, меорем.
Замони таваллуд, Эйнштейн, бисёр фарбеҳ буд ва сари бузурге дошт. То сесолагиаш гап намезад ва модараш фикр мекард, ки ӯ ноқис аст.
Дар 17 солагиаш аз имтиҳони донишгоҳ нагузашт, зеро аз фанҳои таърих ва адабиёт баҳои хуб нагирифта буд.
Баъди хатми донишгоҳ ду сол ҷои кор наёфт.
Эйнштейн ҳофизаи хуб надошт. Метавонист формулаҳо ва масъалаҳои риёзиро ҳифз кунад, вале дигар чизҳоро аслан наметавонист ба ёд биёварад, махсусан соли таваллуд ва таъриху шеърро ҳифз карда наметавонист.
Эйнштейн аз ҷавонӣ то марг ҷуроб напӯшидаааст, ҳатто дар мулоқотҳои расмӣ.
Дар умраш фақат як бор ронандагӣ кардааст.
Тамоми корҳояш аз дидани як қутбнамо сарчашма гирифтааст. Қутбнамое, ки падараш дар рӯзи таваллудаш ба ӯ ҳадя карда буд. Ӯро кунҷкобӣ водор намуд, то фаҳмад, ки он чӣ тавр кор мекунад.
Ӯ аз достонҳои тахайюлӣ нафрат дошт. Онҳоро барои мардум зараровар медонист.
Соли 1952 баъд аз ташкили давлати Исроил ва марги аввалин раисҷумҳури он Хаим Вейтсман аз Эйнштейн даъват карданд, ки раисҷумҳури Исроил шавад, аммо ӯ инро рад намуд.
Мухолифонаш ӯро кӯдаки пири ҷингиламӯ мегуфтанд, чунки ҳама имконотро дошт, аммо аз он истифода намекард.
Эйнштейн муаллифи 300 кори илмӣ дар соҳаи физика ва 150 кор дар дигар соҳаҳост.
Соли 1910 дар пешниҳоди назарияи нисбият барои гирифтани ҷоизаи Нобел номнавис карданд.
Аз суханҳое, ки дар охири умраш гуфта буд, муҳри махфӣ задаанд. Ӯро ҳангоми маргаш зани америкоие ҳамроҳӣ мекард. Эйнштейн бошад суханҳояшро бо забони олмонӣ гуфта буд.
Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки Эйнштейн ризоят дода буд, то майнаи сараш барои таҳқиқ кардан гирифта шавад. Пас аз 7 соати марги ӯ майнаашро барои таҳқиқ гирифтанд, вале дар ҳамонҷо дуздида шуд.
Аксар далелҳо аз канали ютубии Faiz Ibrohimov оварда шудаанд.
Дар бораи Алберт Эйнштейн, Эйнштейн ки буд, Алберт Эйнштейн бо забони точики.


