Сураи Оли Имрон Ояти 185 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 185 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 185

كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ ۗ وَإِنَّمَا تُوَفَّوْنَ أُجُورَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۖ فَمَنْ زُحْزِحَ عَنِ النَّارِ وَأُدْخِلَ الْجَنَّةَ فَقَدْ فَازَ ۗ وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا مَتَاعُ الْغُرُورِ ١٨٥

Куллу нафсин заиқату-л-мавт. Ва иннамо туваффавна уҷуракум явма-л-қийомаҳ. Фа ман зуҳзиҳа ъани-н Нори ва удхила-л-Ҷанната фақад фоз. Ва ма-л ҳайоту-д-дунйо илло матоъу-л-ғурур. 185.

185. Ҳар нафс чашандаи марг аст. Ва ҷуз ин нест, ки рӯзи қиёмат музди амалҳои шумо тамом дода мешавад. Пас, ҳар киро аз Дӯзах дур дошта шуд ва дар Биҳишт дохил гардонида шуд, батаҳқиқ, ба мурод расидааст. Ва нест зиндагонии дунё магар матои ғурур.

Ба дунболи баҳс бо мухолифону афроди беимон ояти мазкур барои Пайғамбар (с) ва муъминон тасаллӣ ва барои мухолифони гунаҳкор як ҳушдори раднопазир аст. Яъне нахустин хабари ин оят аз қонунест, ки болои тамоми мавҷудоти зинда, хоҳ инс, хоҳ ҷин, хоҳ малоика, хоҳ ҳайвон ё ҳашарот ва онҳо мехоҳанд ё не, мувофиқи рӯзу соати муайяншуда ҳукми худро мегузаронад. Яъне, инсон хоҳ ҷавон аст ё пир, тавонгар аст ё мустаманд, хуб аст ё бадкор, муъмин аст ё кофир, тақводор аст ё бе тавфиқ дар роҳи имону ақида худро фидо кардааст ё худро хор намуда бандаи бандагон шудааст, чашандаи марг аст. Хулоса, ҳама махлуқот, чи навъе набошанд дар навбати худ маргро мечашанд. Зеро марг саранҷоми ҳар мавҷуди зинда аст. Назди марг шоҳу гадо баробар аст. Ин дунё рӯзе ба охир мерасаду қиёмат оғоз мешавад, дар он рӯзи растохез подоши ҳамаи амалҳоро комилан ба соҳибҳояшон, (хайр бошанд мукофот, шарр бошанд ҷазо), дода мешавад. Мазмуни ҳадисеро аз Расулуллоҳ (с) овардан бамаврид аст: “Албатта, қабр боғе аз боғҳои Ҷаннат аст, ё ҳуфрае (чоҳи азоб) аз ҳуфраи Дӯзах аст”. Ҳар инсоне аз оташи Дӯзах дур дошта дохили Биҳишт гардонида шавад, метавон гуфт, ки ӯ комёбу наҷот ёфтааст. Яъне ҳар чӣ мехост, даст ёфт ва аз ҳар чӣ ҳарос дошт, наҷот ёфт. Агар билфарз, тамоми комёбии дунё ба инсон муяссар шавад, он бе дохил шудан ба Ҷаннат ҳеҷ аст. Агар инсон аз оташи Дӯзах наҷотёбанда набошад, ӯ наҷотёфта нест. Ҳар инсоне аз Дӯзах наҷот намеёбад, ӯ худро ройгон бой додааст.

Хулоса, дунё ва он чӣ дар дунёст, ин як матоеъст, ки агар инсон фирефтаи он шавад, ғурур пайдо мекунад. Хоҳишҳои дунёро ҷои аввал меҳисобад.

Аз Саъид ибни Ҷубайр (р) ривоят шудааст, ки ваъиду таҳдиди ояти мазкур барои шахсонест, ки дунёро аз охират беҳтар меҳисобанд. Аммо ҳар кас, ки охиратро ба василаи дунё металабад, дунё барояш беҳтарин матоъ аст, таҳти ҳушдори ин оят дохил нест. Аз мазмуни ин оят назарияи баъзе сӯфиён, ки бо истилоҳашон даъво мекунанд, ки (мо дар талаби Ҷаннат ва бими Дӯзах нестем), ба мо нофаҳмо мемонад. Ҳол он ки комёбии аслӣ наҷот ёфтан аз Дӯзах ва дохил шудан ба Ҷаннат аст. Оё дар хориҷи Ҷаннат муваффақиятҳои олиро ба даст овардан мумкин аст? Илоҳо, ба фазлу карами Худ моро ба ин комёбӣ ноил ва сарфароз гардон! Омин!

Ҳикмат: Уламои киром гуфтаанд, ки дар ҳолати наздик шудани марг (ҳолати муҳтазирӣ) ва ҷон кандани инсон суннат аст, ки болои сари ӯ калимаи шаҳодат талқин карда шавад ва аз шахси мӯҳтазар такрори он талаб карда нашавад. Мустаҳаб будааст, ки болои сари мӯҳтазар сураи “Ёсин” хонда шавад. Зеро хондани сураи “Ёсин” мурданро бар шахси мӯҳтазар осон мегардонад. Ҳамчунин суннат будааст, ки майит ба сӯйи гӯристон бо шитоб, локин оромона бурда шавад.

Ояти зер аз муъминоне, ки ба балову офат ва имтиҳонҳои илоҳӣ рӯ ба рӯ мешаванд, сухан мегӯяд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 184 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 186 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)