Сураи Оли Имрон Ояти 184 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 184 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 184

فَإِنْ كَذَّبُوكَ فَقَدْ كُذِّبَ رُسُلٌ مِنْ قَبْلِكَ جَاءُوا بِالْبَيِّنَاتِ وَالزُّبُرِ وَالْكِتَابِ الْمُنِيرِ ١٨٤

Фа ин каззабука фақад куззиба русулу-м мин қаблика ҷау би-л-баййиноти ва-з-зубури ва-л-китоби-л-мунир. 184.

184. Пас, агар туро ба дурӯғ нисбат доданд, пас батаҳқиқ, пайғамбарони пеш аз ту, ки нишонаҳоро ва саҳифаҳоро ва Китоби равшанро оварданд, ба дурӯғ нисбат дода шуда буданд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят Пайғамбари Худ (с)-ро тасаллӣ дода мефармояд, ки агар туро низ дурӯғгӯй ҳисобанду напазиранд, нороҳату дилгир мабош! Зеро дар шаъни пайғамбарон дурӯғу ёва бофтани яҳудиён ин чизи наве набуда, балки одати деринаи онҳост. Яҳудиён қавме ҳастанд, ки одатан дар собиқа пайғамбарони гузаштаро, ки онҳо бо оятҳои ошкор, бо мӯъҷизаҳо, бо насиҳатҳо, бо китобҳои нуроние, ки онҳо ҳидоятгари мардум буданд, омаданд, аммо ин тоифа онҳоро дурӯғгӯй ҳисобиданд. Бинобар ин, сабрро пешаи худ соз, ғамгин машав!

Эзоҳ: Китоби мунир ё китоби осмонӣ китоберо гӯянд, ки дар он аҳком, қонунҳо, дастуроти фардӣ ва иҷтимоӣ, дарҷ гардидааст. Суҳуф китоберо гӯянд, ки саросар дорои панду насиҳат аст. Валлоҳу аълам. Акнун ояти зер ба ҷамоаи муъминон тасаллӣ ва барои кофирон ҳушдор аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 183 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 185 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)