Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 187 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 187
وَإِذْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتَابَ لَتُبَيِّنُنَّهُ لِلنَّاسِ وَلَا تَكْتُمُونَهُ فَنَبَذُوهُ وَرَاءَ ظُهُورِهِمْ وَاشْتَرَوْا بِهِ ثَمَنًا قَلِيلًا ۖ فَبِئْسَ مَا يَشْتَرُونَ ١٨٧
Ва из ахазаллоҳу мисақа-л-лазина уту-л-китоба ла тубаййинуннаҳу ли-н-носи ва ло тактумунаҳу фа набазуҳу вароа зуҳуриҳим ва-ш-тарав биҳи сааманан қалило. Фа биъса мо яштарун. 187.
187. Ёд ор ҳангомеро ки Аллоҳ аҳди касонеро, ки ба онҳо Китоб дода шуда буд, гирифт, ки ҳаройина, онро ба мардум баён кунед ва онро пинҳон макунед. Пас, онро паси пушти худ андохтанд ва онро бо баҳои андак фурӯхтанд, пас чи бадаст он чиро, ки ҳоло меситонанд!
Ояти мазкур ишора ба ихтилофкориҳои аҳли китоб дошта, хусусан донишмандони яҳудро, ки ҳақиқатро пӯшиданду ба мардум нарасониданд, шадидан таҳдид мекунад. Яъне Аллоҳтаъоло аз уламои аҳли китоб бо забони пайғамбарашон аҳду паймон гирифта буд, ки ҳар ҳукми илоҳиеро, ки дар ин китобҳои осмонӣ аз тарафи Аллоҳтаъоло амр шуда бошад, пинҳон накарда, бе тағйиру бе табдил, ошкоро ба мардум баён кунанд. Аз он ҷумла, ба Муҳаммад (с) имон оранду ба ӯ тобеъ шаванд. Онҳо бо розигии худ аҳд дода буданд, ки он чӣ ки ҳақиқат аст, пинҳон накарда, мувофиқи аҳднома ба мардум мерасонанд. Мутаассифона, аҳдро шикастанд, фармоишоти китобҳои осмониро ба фаромӯшӣ супурда, гӯё он китобҳоро пушти сар гузоштанд, то онҳоро набинанд. Дар ивази он аҳду паймон ба матои беарзиши дунё розӣ шуданд, аҳкоми шариатро тағйир дода, бо баҳои андак аҳкоми илоҳиро фурӯхтанд. Яъне дар оятҳои Тавроту Инҷил барои фиреби оммаи мардум дигаргуниҳо ворид сохтанд. Муждаи пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро, ки изҳораш аз ҳама чиз бештар зарур буд, махфӣ нигоҳ доштанд. Чандон, ки дар сарфи мол бахилӣ варзиданд, дар нашри илм бештар бахилӣ намуданд.
Давоми ояти мазкур баҳои чунин шахсонро маълум намуда фармудааст, ки чӣ бадаст сифати чунин шахсони китобхон, чӣ бадаст ин гуна аҳду байъати онҳо. Ояти мазкур ба таври умум ҳушдори шадидест барои оммаи мардум, ки илми судмандашонро аз мардум пинҳон медоранд. Зеро дар ҳадиси шариф монанди ин омадааст: “Ҳар касе аз илме мавриди пурсиш қарор гирад, дониста он илмро пӯшонад, рӯзи қиёмат ба даҳони чунин олим лаҷоми оташин зада мешавад”. Сабаби нозил шудани ояти зерро муфассирон бо овардани чанд ҳадис ривоят кардаанд, ки яке аз онҳо ин аст: “Бо ривояти Имом Бухорӣ (р) аз Ибни Аббос (р) Пайғамбари Аллоҳ (с) аз яҳудие ҳақиқати чизеро пурсиданд, ӯ ҳақиқатро пӯшида, чизи дигареро хабар дод, аммо назди Расулуллоҳ (с) худро чунон нишон дод, ки гӯё мувофиқи савол ҷавоб додааст, ҳамин тавр хурсанд аз назди Расулуллоҳ (с) хориҷ шуд, гӯё ки мавриди ситоиш қарор ёфтааст. Аз сӯйи дигар хурсандиаш барои он буд, ки посухи воқеаро пинҳон доштааст.” Аммо, Аллоҳтаъоло ӯро бо ин ҳол нагузошт, ҳамоно буд, ки ояти зерро барои Расули Худо нозил намуд ва сирри ӯро фош сохт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «